Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар мавсисми шикори моҳҳои феврал-марти соли равон аз ҳисоби шикори гӯспанди кӯҳии Марко Поло (архар) ба буҷаи кишвар зиёда аз 3,6 млн сомонӣ (ҳудуди 768 ҳазор $) маблағ ворид гардид.
Дар робита ба ин масъала раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Талбак Салимов мегӯяд, ҳарчанд мавсими гузашта барои шикори архар 80 квота ҷудо шуда бошад ҳам, ҳамагӣ 51 шикор анҷом дода шуд, зеро дар муддати муайяне ба шикори архар мораторий эълон гардида буд.
Бино ба гуфтаи сардори шӯъбаи ҳифзи рустанӣ ва ҳайвоноти кумитаи мазкур Раҷабалӣ Шарифов, ҳамаи хоҳишмандони шикори гӯспанди кӯҳӣ шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. «Ба шикори гӯсфанди кӯҳии Марко Поло бештар шаҳрвандони ИМА, Канада, Фаронса ва Испания мароқ зоҳир месозанд», – гуфт вай.
Ба қавли мутахассис, дар Тоҷикистон арзиши як иҷозатнома барои шикори архар соли 2010 – 51 ҳазор сомонӣ ва соли 2011 ҳудуди 55 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
То эълони моратория ба шикори архар (солҳои 2007-2008) ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамасола барои шикои он дар Помири Шарқӣ 45 квота ҷудо мекард.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ, айни замон шумори гӯсфанди кӯҳии Марко Поло дар қаламрави Тоҷикистон ба 12-15 ҳазор сар баробар аст.
Қобили зикр аст, ки бори нахуст ин ҷонварро Марко Поло- сайёҳи итолиёвӣ дар илм тавсиф карда буд, ки дар асри XII аз шаҳри Венетсия бо азми ҷаҳонгардӣ бархост ва рӯ ба сӯи Ховарзамин, ба сӯи Чин ниҳод. Аз тариқи як шохаи Шоҳроҳи Абрешим бо убур аз Хуросони Бузург вориди водии Вахон гашт, бо рамаи ин гӯспанди ёбоӣ дучор омад ва онро дар сафарномааш муаррифӣ кард. Ва ҳамин тариқ архар бо номи гӯспанди Марко Поло шӯҳрат ёфт.