Сокини Суғд барои қатли падар ба 19 соли зиндон маҳкум гардид

Date:

Хуҷанд. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи вилояти Суғд сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои қатли падараш ба 19 соли зиндон маҳкум намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиаи додгоҳии мазкур додраси додгоҳи вилоятӣ Абдуфайёз Абдуҷабборов хабар дод, сокини 20-солаи ҷамоати Исмоили ноҳияи зикршуда Темурбек Холмирзоев рӯзи 17-уми декабр дар хона бо кору бори рӯзгор машғул будааст. Он замон падари ӯ – Абдуҳамид Холмирзоев дар ҳолати мастӣ ба хона меояд. Ба гуфтаи додрас, маълум шудааст, ки А. Холмирзоев аксаран ба майнӯшӣ машғул шуда, кор намекардааст.

Ҳамон рӯз байни падару писар ҷанҷол ба амал омада, А. Холмирзоев боз нияти аз хона рафтан доштааст, вале писараш ӯро ба меҳмонхона медарорад. Сипас дастони ӯро баста, ресмонро тариқи гардан мегузаронад, то ки ӯ ҳаракат карда натавонад. Баъд дари меҳмонхонаро пӯшида, аз пайи кори худ мешавад. Амалҳои худро Т. Холмирзоев чунин шарҳ додааст, ки ӯ хостааст падараш каме ба худ ояду дар бинои салқин ҳушёр шавад.

Дар натиҷа А. Холмирзоев аз ресмони дар гарданаш басташуда буғӣ гардида, ба ҳалокат расидааст. Дар мурофиа Т. Холмирзоев тасдиқ кард, ки ӯ нияти куштани падарашро надошт. Т. Холмирзоев мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо мекунад.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят 19 ҳодисаи куштор (ҳамин давраи соли гузашта – 26 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...