Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Date:

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.

Дар ВМКБ сарвари давлат бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳамчунин ҷараёни баргузории ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисоди вилоят аз наздик ошно хоҳад гардид.

Дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Хоруғ ва як қатор ноҳияҳои ВМКБ боздид намуда, дар маросими ифтитоҳи иншооти ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатӣ бунёдгардида ширкат хоҳад варзид.

Ҳамчунин сарвари давлат бо фаъолони вилоят ҷаласа доир хоҳад сохт, – гуфтанд дар хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Интизор меравад, ки зимни ҷаласа ва вохӯриҳо ба масоили рушди бахшҳои гуногуни иқтисод ва сохторҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин инкишофи имконоти соҳаи сайёҳии минтақа таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...