Муҳокимаи шаҳрванди Афғонистон дар додгоҳи ноҳияи Мурғоб

Додгоҳи ноҳияи Мурғоб сокини маҳалли Помири хурди Афғонистон Бердиқул валади Фозилро ба мӯҳлати ду соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» додгустари ноҳияи Мурғоб Батир Хидиров иттилоъ дод, ин шаҳрванди қирғизтабори Афғонистон барои убури ғайриқонунии сарҳад муҷозот шуд, вале ҳукм бо назардошти ҳолати сабукшуда татбиқ гардид. Ба гуфтаи Бердиқул, ӯ […]

Умеди Муҳаммадпаноҳ

Додгоҳи ноҳияи Мурғоб сокини маҳалли Помири хурди Афғонистон Бердиқул валади Фозилро ба мӯҳлати ду соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» додгустари ноҳияи Мурғоб Батир Хидиров иттилоъ дод, ин шаҳрванди қирғизтабори Афғонистон барои убури ғайриқонунии сарҳад муҷозот шуд, вале ҳукм бо назардошти ҳолати сабукшуда татбиқ гардид.

Ба гуфтаи Бердиқул, ӯ солҳо боз орзуи зан гирифтанро дорад, аммо оҷизӣ кашидан дар пардохти маҳр (маблағи қалин) вайро маҷбур сохт, ки ба умеди корёбӣ сарҳадро убур кунад.

Сокинони ноҳияи Мурғоб мегӯянд, аз сабаби кам будани шумораи занон дар маҳалли Помири хурди Афғонистон, инчунин ба садҳо сар қӯтосу гӯсфанд ва чанд сар уштур баробар шудани қиммати ширбаҳои арӯс дар он мавзеъ, барои бештари мардон, ки имкониятҳои танги иҷтимоӣ доранд, зан гирифтан қариб ба орзуи амалинашаванда табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, бори аввал нест, ки дучори марзшиканони корҷӯ мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинони ноҳияи Мурғоб, солҳои ахир раванди муҳоҷирати сокинони ин ноҳия ба Русия афзоиш ёфтааст. Аммо дар назари ҳамтаборони марзшикани афғонистонӣ ноҳияи Мурғоб Русияро мемонад. Онҳо аз сабаби тасаввуроти нодуруст оид ба имкониятҳои иқтисодии ин ноҳия, бо умеди ба даст овардани молу сарват убури марз мекунанд.

Мутахассиси риштаи кишоварзии Бунёди Оғохон дар Афғонистон Азимшо Баҳронов дуруфтодагии Помири хурд ва набуди хадамоти пизишкиро аз мушкилоти асосии Помири хурд дар Афғонистон унвон мекунад, ки бар асари он фавти бармаҳали тифлон, ба вижа духтарон зиёд аст.

Ба иттилои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб, сарҳадро на танҳо қочоқбарони афғон, балки дар баъзе маврид гурӯҳе аз ашхоси кишвари ҳаммарз бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии худ ғайриқонунӣ убур мекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.