Дар вилояти Суғд ҷашнвораи футбол доир мегардад

Бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии Федератсияи футболи байнулмилалӣ (ФИФА) дар шаҳри Хуҷанд ҷашнвораи футбол ва мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба футбол миёни наврасон доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов хабар дод, дар мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба футбол миёни наврасони синнусоли то 12-сола дастаҳои Чин, Қирғизистон ва Тоҷикистон […]

Ҳайдар Шодиев

Бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии Федератсияи футболи байнулмилалӣ (ФИФА) дар шаҳри Хуҷанд ҷашнвораи футбол ва мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба футбол миёни наврасон доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов хабар дод, дар мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба футбол миёни наврасони синнусоли то 12-сола дастаҳои Чин, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Мусобиқот ва ҳамзамон ҷашнвораи футбол рӯзҳои 18-25-уми август баргузор шуда, ҳамчунин таҳти сарпарастии ФИФА барои 30 нафар мураббиёни футболи вилояти Суғд курсҳои омӯзишии минтақавӣ гузаронида мешаванд.

Баргузории машғулиятҳо дар курсҳои омӯзишӣ ба дӯши устодон (инструкторон)-и соҳибтаҷрибаи ФИФА Александр Черноухо (Белорус) ва Усмон Тошев (Ӯзбекистон вогузор шудааст.

«Ман мутмаинам, ки ин чорабинӣ ба рушди футбол дар вилояти Суғд ва ҷалби бештари кӯдакон ба варзиш мусоидат хоҳад кард», – зикр кард дабири кулли ФФТ. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.