Ислом Каримов ба нишасти ИДМ дар Душанбе намеояд

Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар нишасти сарони кишварҳои Итттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе ширкат намеварзад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд, ба нишаст нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ташриф меорад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки аз иштирок дар нишасти мазкур ҳамчунин президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев низ даст кашида, […]

Аваз Юлдошев


Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар нишасти сарони кишварҳои Итттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе ширкат намеварзад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд, ба нишаст нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ташриф меорад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки аз иштирок дар нишасти мазкур ҳамчунин президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев низ даст кашида, ба ҷойи ӯ Озарбойҷонро нахуствазир Артур Росизода намояндагӣ мекунад.

Дар таърихи 2-юми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ доир мегардад. Дар ҷаласаи мазкур гузориши таҳлилии «Натиҷаҳои фаъолияти ИДМ дар тӯли 20 сол ва вазифаҳои минбаъда» ва ҳамчунин масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахши таъмини амният, лоиҳаи барномаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2012-2014, созишнома дар бораи интиқоли намунаҳои воситаҳои нашъаовар, созишнома дар бораи таъмини бехатарии саноатӣ дар иншооти хатарноки саноатӣ, муқаррарот дар бораи Бюо оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар қаламрави ИДМ ва дигар масоили муҳими рӯзмарра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.