Як соли пас аз фирори маҳбусон аз тавқифгоҳи КДАМ

Аз замони фирори 25 нафар маҳбусон аз тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе як сол сипарӣ шуд. Маҳбусон чанде аз посбонони тавқифгоҳро кушта, ба озодӣ баромаданд. Миёни онҳо 14 нафар шахрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла чеҳраҳои маъруфе  аз қабили бародари собиқ фармондеҳи Гвардияи миллӣ Ғаффор Мирзоев – Абдурасул Мирзоев, ду нафар хеши наздики […]


Аз замони фирори 25 нафар маҳбусон аз тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе як сол сипарӣ шуд.

Маҳбусон чанде аз посбонони тавқифгоҳро кушта, ба озодӣ баромаданд. Миёни онҳо 14 нафар шахрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла чеҳраҳои маъруфе  аз қабили бародари собиқ фармондеҳи Гвардияи миллӣ Ғаффор Мирзоев – Абдурасул Мирзоев, ду нафар хеши наздики собиқ раиси КҲФ ва МГ Мирзо Зиёев, собиқ маҳбуси зиндони Гуантанамо Иброҳим Насриддинов ва 11 нафар табааи хориҷӣ – шаҳрвандони Русия, Афғонистон ва Ӯзбекистон ҳузур доштанд.

Дарҳол пас аз фирори маҳбусон таҳти сарварии вазири умури дохилии ҷумҳурӣ ситоди фаврӣ тасъсис ёфта, муддати тамоми сол кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи ҷустуҷӯйи онҳо мунтазам амалиёт мегузарониданд. Дар ҷараёни амалиёт 24 нафар маҳбусӣ фирорӣ боздошт ё кушта шуданд. Мутаассифона, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ аз талафот эмин намонданд.

Айни замон як тан аз маҳбусони фирорӣ – хешованди Мирзо Зиёев – Аъзамшои 42-сола, ки бештар бо лақаби «Аъзами Панҷара» маъруф аст, дар озодӣ қарор дорад. Ӯ ба иттиҳоми иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша, зӯран ғасб намудани ҳокимият, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва ғайра маҳкум шуда буд.

«Мо дар бораи макони тахминии будубоши Аъзамшо Зиёев маълумот дорем ва андешидани чораҳо ҷиҳати боздошти ӯ идома доранд», – гуфт ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев.

Дар иттилоияи КДАМ пас аз чанд рӯзи фирори маҳбусон гуфта мешуд, маҳбусон бо истифода аз «бемасъулиятӣ ва хунукназарии кормандони тавқифгоҳ нисбат ба вазифаҳои худ» фирор намудаанд. Баъди чанде раиси КДАМ ва се нафар муовинони ӯ истеъфо доданд.

Собиқ муовини сардори тавқифгоҳ Сайдулло Бердиев ва посбони ин муассиса Сӯҳроб Акбаров бо ҳукми додгоҳ ба муддати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Як посбони дигари муассиса Саидалӣ Саидов ба муддати 2 сол равонаи зиндон гардид. Барои хунукназарона муносибат кардан ба вазифаи худ навбатдори тавкифгоҳ Қобилҷон Касиров ба муддати 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳамчунин додгоҳ чаҳор нафар маҳбусони фирориро ба ҳабси абад ва се нафар дигарро ба муддати 30 соли зиндон маҳкум кард. Ғайр аз ин, нисбат ба чанде аз шаҳрвандони  маҳбусони фирориро паноҳдода ё аз маҳалли будубоши онҳо ба мақомот хабарнадода низ ҳукмҳои додгоҳӣ содир шуд.

Айни замон корҳои тафтишотӣ нисбат ба маҳбусони фирори дигар идома дорад. Се нафар аз маҳбусони фирорӣ – шаҳрвандони Афғонистон дар қаламрави ин кишвар боздошт шудаанд ва акнун парвандаи онҳо дар додгоҳи Афғонистон баррасӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.