Красноярск: Шиносоии консули генералӣ бо шароити будубоши муҳоҷирони тоҷик

Консули Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Парвиз Асоев бо сафари корӣ аз Красноярск дидан намуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти сафари худ ӯ бо роҳбарони минтақавӣ ва шаҳрӣ, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар Красноярск вохӯриҳо анҷом дод.  Аз ҷумла вохӯрии […]


Консули Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Парвиз Асоев бо сафари корӣ аз Красноярск дидан намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти сафари худ ӯ бо роҳбарони минтақавӣ ва шаҳрӣ, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар Красноярск вохӯриҳо анҷом дод.

 Аз ҷумла вохӯрии П.Асоев бо муовини раиси ш. Красноярск Владимир Шевляков баргузор гардид. Консули генералии Тоҷикистон аз наздик бо зиндагонӣ ва урфу одатҳои мардуми маҳаллӣ шиносоӣ пайдо намуд ва аз шарту шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин шаҳр огоҳӣ ёфт.

 Дар рафти сӯҳбат Консули генералӣ аз мақсади ба нашр расонидани як ёдномаи махсус барои муҳоҷирони меҳнатие, ки барои кор озими Россия мешаванд, хабар дод. Ёднома тоҷикистониёнро аз урфу одат, қонунҳои асосӣ, ҳамчунин маълумотнома дар бораи шаҳр, таърихи он ва фарҳанг шинос менамояд.

 Дар рафти вохӯрӣ В.Шевляков иброз дошт, ки маъмурияти ш.Красноярск омода аст бо созмонҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Красноярск муколамаро таҳким намояд.

 П. Асоев инчунин бо намояндагони маъмурияти губернатор вохӯрӣ анҷом дод. Аз номи губернатори ноҳияи Красноярск Лев Кузнесов консули тоҷикро барои иштирок дар IХ форуми иқтисодии ноҳияи Красноярск, ки феврали соли 2012 дар Красноярск баргузор мегардад, форуми “Тартиби бехатарии муосир – Антитеррор” ва фестивали байналхалқии мусиқии кишварҳои Осиё-Уқёнуси Ором, даъват намуданд.     

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.