Кӯлоб: Рондани сокинони ғайриқонунӣ манзилҳои зистро ишғолкарда

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб аз манзили зист рондани ду оиларо, ки ғайриқонунӣ ба манзилҳои зисти барои оилаҳои аз офати табиӣ осебдида сохта шуда буданд, маъқул шуморид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси додгоҳи шаҳрӣ Аслам Холов хабар дод, ин тасмими шаҳрдорӣ бо далелҳо собит шуда, ба қонунгузории кишвар мухолифат надорад. «Ояндаи наздик дар додгоҳ масъалаи аз манзил […]


Додгоҳи шаҳри Кӯлоб аз манзили зист рондани ду оиларо, ки ғайриқонунӣ ба манзилҳои зисти барои оилаҳои аз офати табиӣ осебдида сохта шуда буданд, маъқул шуморид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси додгоҳи шаҳрӣ Аслам Холов хабар дод, ин тасмими шаҳрдорӣ бо далелҳо собит шуда, ба қонунгузории кишвар мухолифат надорад. «Ояндаи наздик дар додгоҳ масъалаи аз манзил рондани боз чаҳор оилаи дигар баррасӣ мешавад», – гуфт ӯ.

Дар маҷмӯъ, комиссияи дахлдор ба хулосае расидааст, ки сокинон ба 29 манзили зисти барои осебдидагон бунёдшуда ғайриқонунӣ соҳиб шудаанд ва онҳо бояд хонаҳоро бисупоранд, зеро манзили зисти пештараи онҳо барои зиндагонӣ мувофиқу коршоям аст.

Ба гуфтаи муовини раси шаҳри Кӯлоб Пирмад Зарифов, хонаҳои холишуда ба оилаҳое дода хоҳанд шуд, ки воқеъан ҳам ба он ниёз доранд. «Пас аз фаҳмонидани вазъу шароит аз 29 оилаи ғайриқонунӣ ба манзили зист соҳибшуда, 23 оила ихтиёран хонаҳоро супориданд ва маводи маҷбуран рондани 6 оилаи дигарро лози омад, ки ба додгоҳ ирсол намоем», – гуфт вай.

П. Зарифов мегӯяд, ба оилаҳои маҷбуран рондашуда, ки дар як ҳавлӣ якчанд оила зиндагӣ доранд, барои манзили зист қитъаҳои замин ҷудо карда хоҳад шуд. «Ба ҷуз оилаҳое, ки талафоти ҷонӣ дода буданду манзилашон пурра хароб гардида буд, ба дигар оилаҳо муваққатан иҷозаи зиндагонӣ дар хонаҳои нав дода шуда буд, зеро он замон рӯйхатҳо дар вазъи хле ноҳинҷору муташанниҷ таҳия гардида буданд», – изҳор кард муовини раиси шаҳр.

Номбурда таъкид кард, ки пас аз ба субот расидани вазъ комиссияи махсус аз хисороти расида ва шумори оилаҳое, ки дарвоқеъ ба таъмин бо манзили зисти нав ниёз доранд, натиҷагирӣ карда, то имрӯз қонуншиканиҳои дар боло зикршударо ошкор сохт.

Ёдрас мекунем, ки бо дастгирии тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва Салтанати Уммон барои оилаҳои аз офати табиӣ осебдидаи шаҳри Кӯлоб 615 манзили зисти нав сохта шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.