Фарзонаи Хуршед озод карда шуд

Мутобиқи Қонун «Дар бораи афв»-и ҳафтаи гузашта батасвибрасида, субҳи имрӯз аз муассисаи ислоҳотии шаҳри Норак 112 нафар занони маҳбус озод карда шуданд. Миёни озодшудагон 12 нафар шаҳрвандони Русия, Қазоқистон, Латвия ва Литва ҳузур доранд. Сарояндаи маъруф Фарзонаи Хуршед низ мутобиқи ин қонун озод карда шуд. Фарзонаи Хуршед духтари сарояндаи маъруф Сурайёи Қосим ва хоҳари хурдии […]

Asia-Plus


Мутобиқи Қонун «Дар бораи афв»-и ҳафтаи гузашта батасвибрасида, субҳи имрӯз аз муассисаи ислоҳотии шаҳри Норак 112 нафар занони маҳбус озод карда шуданд.

Миёни озодшудагон 12 нафар шаҳрвандони Русия, Қазоқистон, Латвия ва Литва ҳузур доранд. Сарояндаи маъруф Фарзонаи Хуршед низ мутобиқи ин қонун озод карда шуд.

Фарзонаи Хуршед духтари сарояндаи маъруф Сурайёи Қосим ва хоҳари хурдии ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё аст. Ӯ моҳи феврали соли 2010 барои мусоидат ба фирори айбдоршаванда аз толори додгоҳ ба муддати 2 соли зиндон маҳкум гардида буд.

Шиноси ӯ Фаррух Рӯзиев он замон ба даст доштан дар қаллобӣ гумонбар дониста мешуд. Ӯ мустақилона толори додгоҳро тарк карда, дар кӯча ба автомашинаи таҳти идораи Фарзонаи Хуршед нишаст ва онҳо паноҳ бурданд, вале пас аз як рӯз боздошт карда шуданд.

Дар мурофиаи додгоҳӣ Фарзонаи Хуршед изҳор кард, ки ӯ аз бидуни иҷозат толорро тарк кардани шиносаш огоҳ набуд ва Рӯзиев низ инро тасдиқ кард. Аммо додгоҳ ба чунин хулоса расид, ки Рӯзиев тамоми гуноҳро ба дӯши худ гирифтанист ва ҳардуро маҳкум намуд.

Фаррух Рӯзиев ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Ду нафар кормандони милиса, ки ба ӯ иҷозати тарки толори додгоҳро дода буданд, мутаносибан ба мӯҳлати 2 ва 1,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Мутобиқи «Қонун дар бораи афв», дар Тоҷикистон 15 ҳазор нафар, аз ҷумла 4 ҳазор нафар маҳбусон мавриди афв қарор мегиранд, ки миёни онҳо 256 нафар занон ва 107 нафар ноболиғон ҳузур доранд.

Дар замони истиқлолияти кишвар ин афви 13-умин ба шумор рафта, дар маҷмӯъ зимни татбиқи Қонунҳо «Дар бораи афв» дар Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор нафар афв шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио