Амалиёти махсуси «Кӯдакон»-и шӯъбаи БДА-и шаҳри Душанбе

Аз 25-уми август то 3-юми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии пойтахт таҳти унвони «Кӯдакон» амалиёти вижа доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти шӯъбаи БДА-и РКД-и пойтахт Шерафган Латифов хабар дод, амалиёти мазкур ба муносибати оғози соли нави хониш дар макотиби таҳсилоти умумии […]


Аз 25-уми август то 3-юми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии пойтахт таҳти унвони «Кӯдакон» амалиёти вижа доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти шӯъбаи БДА-и РКД-и пойтахт Шерафган Латифов хабар дод, амалиёти мазкур ба муносибати оғози соли нави хониш дар макотиби таҳсилоти умумии кишвар баргузор шуда, то санаи 1-уми сентябр кормандони БДА аз кӯчаҳое, ки дар онҳо бинои мактабҳо воқеъанд, боздид мекунанд ва ҳангоми зарурат дар ҷойҳои даркорӣ аломатҳои махсус мегузоранд.

«Дар Рӯзи дониш – 1-уми сентябр кормандони БДА дар тамоми макотиби пойтахт бо толибилмон вохӯрда, ба онҳо дар бораи риояи қоидаҳои асосии бехатарӣ дар роҳҳо сӯҳбатҳо мекунанд», – афзуд Ш.Латифов.

Бино ба маълумоти ШБДА-и РКД-и шаҳри Душанбе, соли равон дар пойтахт бо иштироки ноболиғон 53 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар кӯдак ҳалок ва 58 нафар ноболиғи дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.