Дар пойтахти Либиё ду шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондаанд

Тибқи маълумоте, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб дар ихтиёр дорад, то имрӯз дар Либия ду шаҳрванди Тоҷикистон – корманди ширкати туркӣ Одинаев Абдуҳалим ва донишҷӯ Икромов Абдураззоқ боқӣ мондаанд. Тавре аз департаенти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, вазъи саломатии онҳо хуб буда, аз ҳодисаҳои Тароблус зиён надидаанд. Ҷониби Тоҷикистон аз […]

Аваз Юлдошев


Тибқи маълумоте, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб дар ихтиёр дорад, то имрӯз дар Либия ду шаҳрванди Тоҷикистон – корманди ширкати туркӣ Одинаев Абдуҳалим ва донишҷӯ Икромов Абдураззоқ боқӣ мондаанд.

Тавре аз департаенти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, вазъи саломатии онҳо хуб буда, аз ҳодисаҳои Тароблус зиён надидаанд. Ҷониби Тоҷикистон аз Сафорати Россия дар Либия хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати зарурӣ ба шаҳрвандони номбурда кӯмак расонад.

Роҷеъ ба зери назорати бештари кадом нерӯҳо қарор доштани пойтахти Либиё – шаҳри Тароблус дар расонаҳои хабарӣ иттилооти зидду нақиз мунташир мешааванд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ба ҷуз қароргоҳи сарвари Либиё Муаамар Қаззофӣ, нерӯҳои мухолифин дигар тамоми қаламрави пойтахтро ишғол кардаанд.

Ғайр аз ин, намояндагони Шӯрои инқилобчиён изҳор карда буданд, ки онҳо писари Муаммар Қаззофӣ – Сайфулисломро ба ҳабс гирифтаанд, вале субҳи имрӯз ӯ тавассути шабакаи телевизионии «Ал-Арабия» суханронӣ намуда, гуфт, пойтахти мамлакат таҳти назорати нерӯҳои ҳукумат қарор дошта, вазъи шаҳр ором аст. Ҳамчунин намояндаи ҳукумати сарвари Либиё Мӯсо Иброҳим низ изҳор кард, ки на камтар аз 75 дарсади қаламрави пойтахт таҳти назорати ҳукумат аст.

Аммо намояндагони мухолифин таъкид месозанд, ки айни замон беш аз 95 дарсади пойтахтро онҳо ишғол карда, танҳо боздошти Муаммар Қаззофиро ғалабаи воқеъӣ мешуморанд.

То ҳанӯз макони будубоши роҳбари Либиё Муаммар Қаззофӣ маълум нест.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио