Президент фармон дар бораи даъват ба хизмати ҳарбиро ба имзо расонид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат  додани хизматчиёни ҳарбие,   ки мӯҳлати  муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро  адо  намудаанд  ва   даъвати   навбатии шаҳрвандони солҳои  таваллуди 1984-1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»-ро ба имзо расонид. Мутобиқи фармони мазкур, хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябр соли 2011 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи […]

Аваз Юлдошев


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат  додани хизматчиёни ҳарбие,   ки мӯҳлати  муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро  адо  намудаанд  ва   даъвати   навбатии шаҳрвандони солҳои  таваллуди 1984-1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»-ро ба имзо расонид.

Мутобиқи фармони мазкур, хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябр соли 2011 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд.

Дар фармон Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилии ҷумҳурӣ мукаммалгардонии онҳоро дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.