Тренинги сафорати ИМА барои марзбонони Тоҷикистону Афғонистон

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон барои 15 марзбонони Тоҷикистон ва Афғонистон тренинг дар мавзўи назорати сарҳадӣ ва иммигратсионӣ анҷом дод. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, тренинги мазкур аз тарафи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар чаҳорчўбаи дастгирии иловагӣ ба Маркази омӯзиши сарҳадбонон дар шаҳри Хоруғ амалӣ шуда буд, ки аз тарафи Шуъбаи назорати […]

Asia-Plus


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон барои 15 марзбонони Тоҷикистон ва Афғонистон тренинг дар мавзўи назорати сарҳадӣ ва иммигратсионӣ анҷом дод.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, тренинги мазкур аз тарафи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар чаҳорчўбаи дастгирии иловагӣ ба Маркази омӯзиши сарҳадбонон дар шаҳри Хоруғ амалӣ шуда буд, ки аз тарафи Шуъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ мешавад. Дар ин тренинг 10 афсари полиси марзбонии хадамоти миллии марзбонии Афғонистон ва 5 афсари Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Тоҷикистон иштирок карданд.

 Тренинг асосҳои амнияти сарҳадӣ, ҳамкории  байнисарҳадӣ, сиёсати судури раводид,   фош кардани санадҳои қалбакӣ, мубориза зидди қочоқи инсон ва терроризмро дар бар гирифта буд. Шаҳодатномаҳои хатми тренинг ба иштироккунандагон рӯзи 29 августи соли ҷорӣ дар маросими пўшидашавии тренинг супурда шуд.

Яке аз марзбонони афғон – иштироккунандаи тренинг зикр кард, ки чунин тренингҳо, махсусан табодули таҷриба бо ҷонибҳои Тоҷикистон ба истифодаи таҷрибаи беҳтарин дар тақвияти фаъолияти оянда хеле муфиданд.

 Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида омода аст дастгирии худро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон давом диҳад.  Шуъбаи оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА аз соли 2003 бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо, дастгирии волоияти қонун ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкорӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.