Аз муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон 3,2 ҳазор нафар озод карда шуданд

Мутобиқи афви эълоншуда, то ба имрӯз аз муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон 3 ҳазору 600 нафар озод карда шуданд. Аз боздоштгоҳҳо 400 ва аз муассисаҳои ислоҳӣ 3 ҳазору 200 нафар озод гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд, миёни афвшудагон 180 нафарашонро занон, 102 нафар ноболиғон ва боқимондаро мардон ташкил […]

Наргис Ҳамробоева


Мутобиқи афви эълоншуда, то ба имрӯз аз муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон 3 ҳазору 600 нафар озод карда шуданд. Аз боздоштгоҳҳо 400 ва аз муассисаҳои ислоҳӣ 3 ҳазору 200 нафар озод гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд, миёни афвшудагон 180 нафарашонро занон, 102 нафар ноболиғон ва боқимондаро мардон ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои манбаъ, Қонун «Дар бораи афв» аз рӯзи ба имзо расиданаш муддати се моҳ – то 20-уми ноябри соли равон амалӣ мегардад. Дар маҷмӯъ ҳудуди 4 ҳазор нафар мавриди афв қарор мегиранд. Гуфта мешавад, афв қисман ё пурра қариб ба 15 ҳазор нафар дахл хоҳад кард.

Афви мазкур ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ эълон гардида, дар замони истиқлолияти кишвар афви 13-ум маҳсуб меёбад. Дар ин давра ҳудуди 100 ҳазор нафар мавриди афв қарор гирифтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.