Курсҳои забони англисии сафорати ИМА барои кормандони пулис

Дафтари Сафоратхонаи ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо иҷрокунанда Зе Эмерҷенс Груп курсҳои забони англисиро барои муаллимони Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ва фарзандони онҳо гузаронд.  Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, курсҳои семоҳаи ба наздикӣ ба итмом расида ба сарфу наҳв, ҳусни хат, хониш, нутқ, […]

Asia-Plus


Дафтари Сафоратхонаи ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо иҷрокунанда Зе Эмерҷенс Груп курсҳои забони англисиро барои муаллимони Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ва фарзандони онҳо гузаронд. 

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, курсҳои семоҳаи ба наздикӣ ба итмом расида ба сарфу наҳв, ҳусни хат, хониш, нутқ, талаффуз, фаҳмидани нутқи шифоҳӣ ва луғат диққат дода буд.  Бисту шаш хонандагон курсҳоро хатм карданд.

Ҳукумати ИМА омодааст мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои соҳаи адлияро дастгирӣ намояд ва мунтазири давомдиҳии ҳамкории зич баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштараки оянда мебошад.  Барномаи Сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба мардуми Тоҷикистон аз соли 2003 барои дастгирии соҳаҳои амният ва адлия беш аз 52 миллион доллари ИМА таъмин намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.