Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия магистр омода мекунанд

Шурӯъ аз моҳи сентябри соли равон бори нахуст дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон донишҷӯён ба магистратура дохил шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси раёсати таълимӣ-методии донишгоҳи мазкур Ношботи Гуломадшоев хабар дод, дараҷаи магистрант дар шаш самт – таърих, фарҳангшиносӣ, минтақашиносӣ, факултаи «Таърих ва муносибатҳои байнулмилалӣ», филология, лингвистика ва журналистика ҷорӣ гардидааст. «Айни замон фармони ректор […]

Фирӯз Умарзода


Шурӯъ аз моҳи сентябри соли равон бори нахуст дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон донишҷӯён ба магистратура дохил шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси раёсати таълимӣ-методии донишгоҳи мазкур Ношботи Гуломадшоев хабар дод, дараҷаи магистрант дар шаш самт – таърих, фарҳангшиносӣ, минтақашиносӣ, факултаи «Таърих ва муносибатҳои байнулмилалӣ», филология, лингвистика ва журналистика ҷорӣ гардидааст.

«Айни замон фармони ректор дар бораи қабули магистрантҳо ба факултаи «Таърих ва мунсибатҳои байнулмилалӣ» ба имзо расид, – гуфт Н. Гуломадшоев. – Ба шӯъбаи минтақашиносӣ 7, фарҳангшиносӣ – 5 ва таърих 3 нафар магистрантҳо қабул шуданд».

То кунун дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон пас аз таҳсили панҷсола дипломи мутахассис дода мешуд. Феълан дар шаш шӯъбаи зикршуда баъди 4 соли таҳсил маълумоти олии дараҷаи бакалавр дода мешавад. Пас аз он метавон ба магистратура дохил шуд. Муддати таҳсил дар магистратура 2 сол аст.

Дар ҳамин ҳол, пагоҳ, 16-уми сентябр, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҷашни 15-умин солгарди таъсисёбиашро таҷлил менамояд. Дар чорабиниҳои идона бахшида ба ин ҷашн президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.