Сабти боз чор субъекти нав дар минтақаи озоди иқтисодии ҷумҳурӣ

Date:


Дар ҳамоиши байнулмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон – имконоти рушд», ки рӯзҳои 13-14-уми сентябр дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд баргузор шуд, дар бораи сабти боз чор субъекти нав дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ хабар дода шуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ба субъектҳои нави минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» сертификатҳо супурда шуданд. Дар ин ҷо боз ду корхонаи нав бо иштироки сармоягузории Тоҷикистон ва Чин бунёд мегарданд. Ҳамин тариқ, шумори субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии мазкур ба 16 адад расид. Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҳамчунин сертификати узви Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро низ соҳиб шуд.

Ғайр аз ин, ҳамчунин дар бораи пайдо шудани субъектҳои аввалин дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» низ иттилоъ дода шуд. Дар ҳар кадоме аз ин минтақаҳо корхона бо иштироки сармояи Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ, айни замон дар қаламрави Тоҷикистон чаҳор минтақаҳои озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Панҷ» (ду субъект), «Данғара» ва «Ишкошим» амал мекунанд.

Ба гуфтаи роҳбари шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Муҳайё Қаюмова, дар анҷоми кори ҳамоиш як қатор ёддоштҳои тиҷоратӣ ба имзо расиданд. Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо ширкати тоҷикистонии «Белто», «Грация»-и Белорус ва намояндаи Палатаи савдо ва саноати Полша Гжегош Кобулевски ёддошт оид ба ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар шаҳри Қайроққум ҷаласаи IV-уми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба мусоидат ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...