Интиқоли беш аз 600 ҷасади тоҷикистониён дар зарфи 8 моҳ

Дар зарфи 8 моҳи соли равон аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ 602 ҷасади шаҳрвандони тоҷик интиқол дода шуд. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ислом Раҳматуллоев иттилоъ дод, ин шумор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се нафар бештар аст. «Соли ҷорӣ 67 нафар шаҳрвандони тоҷик кушта шуда, 238 нафар […]

Турко Дикаев


Дар зарфи 8 моҳи соли равон аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ 602 ҷасади шаҳрвандони тоҷик интиқол дода шуд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ислом Раҳматуллоев иттилоъ дод, ин шумор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се нафар бештар аст. «Соли ҷорӣ 67 нафар шаҳрвандони тоҷик кушта шуда, 238 нафар аз бемориҳои гуногун ба ҳалокат расидаанд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, дар ин давра расман 452 ҳазору 983 нафар шаҳрвандони тоҷик, аз ҷумла 52 ҳазору 128 нафар занон муҳоҷирати меҳнатиро дар хориҷи кишвар ихтиёр кардаанд.

Раҳматуллоев ҳамчунин гуфт, Хадамоти муҳоҷират самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро муқаррар кардааст, ки қабл аз ҳама, кор бо муҳоҷирони истирдодшуда, бақайдгузории онҳо, кӯмаки ҳуқуқӣ дар ҳалли мушкилот ва ғайраро дар бар мегирад.

Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон 2 моҳ қабл таъсис ёфта, вазифаҳои хадамоти мазкури Вазорати корҳои дохилӣ ба дӯши он вогузор шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.