Чораҳои хадамоти гумрук ҷиҳати пешгирии қочоқи маводи сӯзишворӣ

Муовини сардори Раёсати ташкили мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки Тоҷикистон Қурбон Абдуназаров вазъи қочоқи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба ҷумҳуриро шарҳ дод. Қ. Абдуназаров чунин мешуморад, ки нигаронии кишвари ҳамсоя аз ин масъала каме барзиёд нишон дода мешавад, зеро дар сурати бовар кардан ба он, ки ҳамарӯза аз Қирғизистон ба Тоҷикистон то 800 тонна […]

Парвина Ҳамидова


Муовини сардори Раёсати ташкили мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки Тоҷикистон Қурбон Абдуназаров вазъи қочоқи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба ҷумҳуриро шарҳ дод.

Қ. Абдуназаров чунин мешуморад, ки нигаронии кишвари ҳамсоя аз ин масъала каме барзиёд нишон дода мешавад, зеро дар сурати бовар кардан ба он, ки ҳамарӯза аз Қирғизистон ба Тоҷикистон то 800 тонна маводи сӯзишворӣ ворид гардад, пас дар ҳолати ба литр баргардонидан он зиёда аз 1 млн. литрро ташкил медиҳад. «Агар ба ҳисоби миёна дар як автомашина 10 тонна маводи сӯзишворӣ интиқол дода шавад, барои чунин микдор 80 адад автомашина зарур аст, – мегӯяд ӯ. – Гузашта аз ин, марзи миёни кишварҳо аз ду ҷониб посбонӣ мешавад ва ҳаракати чунин миқдор нақлиёт аз назари марзбонон дурр наҳоҳад монд».

Ба қавли номбурда, ҳукумати Қирғизистон содироти маводи сӯзишворӣ аз кишварро пурра манъ кардааст ва дар ин сурат бобати қочоқи чунин миқдори зиёди маводи сӯзишворӣ ҳарф задан он қадр дуруст нест.

Қ. Абдуназаров ҳамчунин изҳор кард, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ дар самт тадбир андешида, тақрибан 70 нафар кормандон роҳҳои наздимарзиро мавриди назорат қарор додаанд. «Ғайр аз ин, назорати гумрукӣ низ пурзӯр карда шуд», – гуфт вай.

Зимнан зикр гардид, ки дар зарфи 8 моҳи соли равон Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз 104 ҳодисаи қочоқи маводи сӯзишворӣ пешгирӣ намудааст, ки дар натиҷа беш аз 6,2 млн. литр маводи сӯзишворӣ (52% – бензин, беш аз 40% – сӯзишвории дизелӣ ва 3-4% – равғани мошинӣ) мусодира гардидааст. Беш аз 4 млн. литр маводи сӯзишворӣ дар қаламрави вилояти Суғд мусодира шудааст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта афзоиши қочоқи маводи сӯзишворӣ ба андозаи тақрибан 40% ба мушоҳида мерасад. Танҳо тайи ду ҳафтаи ахир дар кишвар 3 автомашина бо 33 тонна бензин боздошт шудааст. Ба қочоқи маводи сӯзишворӣ аслан соҳибкорони хусусӣ ва баъзан ширкатҳои начандон бузург машғул мебошанд.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.