Сабти боз чор субъекти нав дар минтақаи озоди иқтисодии ҷумҳурӣ

Дар ҳамоиши байнулмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон – имконоти рушд», ки рӯзҳои 13-14-уми сентябр дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд баргузор шуд, дар бораи сабти боз чор субъекти нав дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ хабар дода шуд. Дар ҷараёни ҳамоиш ба субъектҳои нави минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» сертификатҳо супурда шуданд. Дар ин ҷо боз […]

Бахтиёр Валиев


Дар ҳамоиши байнулмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон – имконоти рушд», ки рӯзҳои 13-14-уми сентябр дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд баргузор шуд, дар бораи сабти боз чор субъекти нав дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ хабар дода шуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ба субъектҳои нави минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» сертификатҳо супурда шуданд. Дар ин ҷо боз ду корхонаи нав бо иштироки сармоягузории Тоҷикистон ва Чин бунёд мегарданд. Ҳамин тариқ, шумори субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии мазкур ба 16 адад расид. Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҳамчунин сертификати узви Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро низ соҳиб шуд.

Ғайр аз ин, ҳамчунин дар бораи пайдо шудани субъектҳои аввалин дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» низ иттилоъ дода шуд. Дар ҳар кадоме аз ин минтақаҳо корхона бо иштироки сармояи Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ, айни замон дар қаламрави Тоҷикистон чаҳор минтақаҳои озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Панҷ» (ду субъект), «Данғара» ва «Ишкошим» амал мекунанд.

Ба гуфтаи роҳбари шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Муҳайё Қаюмова, дар анҷоми кори ҳамоиш як қатор ёддоштҳои тиҷоратӣ ба имзо расиданд. Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо ширкати тоҷикистонии «Белто», «Грация»-и Белорус ва намояндаи Палатаи савдо ва саноати Полша Гжегош Кобулевски ёддошт оид ба ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар шаҳри Қайроққум ҷаласаи IV-уми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба мусоидат ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.