Марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таҳкими боэътимод ниёз дорад

Дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Робитаҳои минтақавӣ ва чорабиниҳои муштараки фаромарзӣ миёни сарҳадбонон, хадамоти гумрук ва пулиси Афғонистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон» конфронс ба кор шурӯъ кард. Конфронси мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи мусоидат ба идоракунии марз дар минтақаи шимоли Афғонистон (BOMNAF) доир мегардад, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврпо маблағгузорӣ мешавад. «Мо имрӯз гирдиҳам […]

Наргис Ҳамробоева


Дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Робитаҳои минтақавӣ ва чорабиниҳои муштараки фаромарзӣ миёни сарҳадбонон, хадамоти гумрук ва пулиси Афғонистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон» конфронс ба кор шурӯъ кард. Конфронси мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи мусоидат ба идоракунии марз дар минтақаи шимоли Афғонистон (BOMNAF) доир мегардад, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврпо маблағгузорӣ мешавад.

«Мо имрӯз гирдиҳам омадем, то ки роҳу воситаҳои баланд бардоштани имконот оид ба идоракунии марз ва таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ дар минтақаи шимоли Афғонистонро муайян намоем. Лоиҳа ба беҳбуди сатҳи ҳамкориҳои фаромарзӣ, таҳкими эътимоди тарафайн, рушди минтақавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва пешгирии низоъҳо, таъмини амният ва қисман ба рушди иқтисодии ҳарду ҷониб нигаронида шудааст», – гуфт намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон ҷаноби Морел изҳор кард, ки ин вохӯрӣ ба ҳеҷ гунае бо ҷараёни хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон иртибот надорад. «Вазъи Афғонистон тӯли солҳои зиёд муташанниҷ боқӣ мемонад. Ҷомеаи ҷаҳон ҳамеша ба ин мушкилот таваҷҷӯҳи хосса зоҳир месозад, зеро ин таҳдид барои саросари дунё аст», – гуфт ӯ.

Коршиноси ин соҳа аз Шветсия Вероника Бликст аз таҷрибаи фаъолияти худ дар мақомоти гумрук мисол оварда, оид ба тарзи кори гумрукчиёни Шветсияву Норвегия маълумот дод. «Масофаи марзи Шветсияву Норвегия аз ҳама тӯлонитарин дар Иттиҳоди Аврупо аст, ки 1 ҳазору 600 километрро ташкил медиҳад, – гуфт ӯ. – Имрӯз миёни марзбонону гумрукчиёни ду кишвар ҳамкории пурсамар ба роҳ монда шудааст, ки ба нафъи тарафайн аст».

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба ҳамкории пурсамари мутақобилаи кормандони сохтори мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистону Афғонистон ҷалб намуда, изҳор кард, ки аз соли 2004 то соли 2011 178 амалиёти муштарак гузаронида шуда, дар натиҷа беш аз 11 тонна маводи мухаддир мусодира ва ҳудуди 40 озмоишгоҳи истеҳсоли героин дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон нобуд гардидааст. «Аммо сарфи назар аз ин, то ҳанӯз аз баъзе қисматҳои таҳкимнаёфтаи марз қочоқбарони афғон истифода мекунанд», – гуфт ӯ.

Муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Шараф Файзуллоев гуфт, Тоҷикистон ба тақвияти дастгирии ҷомеаи ҷаҳон ва ҷалби кӯмаки иловагӣ ҷиҳати ба марзбонони афғон фароҳам сохтани шароити хуби муҳофизати марзҳо манфитдор аст. «Мо аз сохторҳои байнулмилалӣ даъват ба амал меоварем, ки ба таҳкими имконоти хадамоти марзбонӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари ҳамсоя мусоидат намоянд, зеро онҳо на ҳамеша метавонанд саривақт ба ин ё он ҳодиса расидагӣ кунанд, – иброз дошт ӯ. – Дар навбати худ, Тоҷикистон ба омӯзиши марзбонони Афғонистон дар таълимгоҳҳои мавҷудаи худ омода аст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.