Нашри энсиклопедияи нав дар бораи Тоҷикистон

Дар Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон: рӯйдодҳои таърихӣ, шахсиятҳо, мафҳум ва солнома» нашрияи маълумотӣ ба табъ расид. Муаллифони маълумотномаи энксиклопедӣ коршиносони маъруф, профессорон Тоҷиддин Пиров ва Назаршо Назаршоев мебошанд. Дар маълумотномаи дуҷилда зиёда аз 5 ҳазор мақола дар бораи рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, сохти давлатдорӣ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон дарҷ ёфтаанд. Ҳамчунин аз он метавон дар бораи […]

Ҳайдар Шодиев


Дар Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон: рӯйдодҳои таърихӣ, шахсиятҳо, мафҳум ва солнома» нашрияи маълумотӣ ба табъ расид.

Муаллифони маълумотномаи энксиклопедӣ коршиносони маъруф, профессорон Тоҷиддин Пиров ва Назаршо Назаршоев мебошанд. Дар маълумотномаи дуҷилда зиёда аз 5 ҳазор мақола дар бораи рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, сохти давлатдорӣ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон дарҷ ёфтаанд. Ҳамчунин аз он метавон дар бораи шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон маълумот ба даст овард. Дар маълумотнома ба мафҳуму ибораҳое, ки хусусиятҳои асосии рушди ҷомеаи Тоҷикистонро дар шароити соҳибистиқлолӣ дар бар мегиранд, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир шудааст.

Энсиклопедия бо солнома (хронология)- рӯйдодҳои муҳими таърихи Тоҷикистон анҷом меёбад. Китоби мазкур барои доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст. Ба андешаи муаллифони энксиклопедия, истифодаи он барои донишҷӯёну толибилмони мактабҳо, омӯзгорон ва ҳамаи касоне, ки ба маълумоти дақиқу боэътимод дар бораи Тоҷикистон ниёз доранд, муфид хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.