Идомаи мурофиаи додгоҳии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ»

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон дар боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд мурофииаи навбатии панҷуми додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов баргузор мешавад. Журналист дар таърихи 23-юми ноябри соли 2010 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардида буд . Адвокати рӯзноманигор Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва директори Маркази ҳуқуқии […]

Мавлуда Рафиева


Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон дар боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд мурофииаи навбатии панҷуми додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов баргузор мешавад. Журналист дар таърихи 23-юми ноябри соли 2010 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардида буд

.

Адвокати рӯзноманигор Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва директори Маркази ҳуқуқии «Адвокати ту» дар робита ба ин қазия изҳор кард, ки то ҳанӯз далелҳои айбдоршавии Исмоилов тасдиқи худро наёфтаанд.

Маҳмадюсуф Исмоилов тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ дар тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешавад.

«Мо маводи парвандаро ҷиҳати баргузор намудани ташхиси лингвистӣ ба Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии назди Академияи улуми кишвар ирсол кардем ва посухаш ҳам акнун дастрас шуд. Акнун дар додгоҳ муайян карда хоҳад шуд, ки маводи журналист дорои тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ будаанд ё на», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамрайъии журналистон рўзи 8 август дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки журналистон, намояндагони созмонҳои журналистӣ ва байналмилалӣ дар мавзўи «Ҳамраъйии журналистон – ба тақдири ҳамкасбонамон бетафовут набошем» «мизи мудаввар» барпо гашт.

Иштироккунандагони ҳамоиш инчунин бо мақсади аз маҳбас озод намудани журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ба унвони роҳбарияти давлат муроҷиатнома қабул карданд.

Қаблан Созмони байнулмилалии «Рӯзноманигорони бидуни марз» ва Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон низ бобати боадолатона ҳал кардани қазияи Исмоилов ба президенти ҶТ муроҷиат карда буданд.

Дар муроҷиатнома аз ҷумла изҳор гардида буд, ки «бо назардошти вазъи саломатӣ ва ифодаи иродаи нек аз Шумо хоҳиш дорем нисбат ба журналист Маҳмадюсуф Исмоилов чораи пешакии дар маҳбас нигоҳ доштан ба чораи дур нарафтан аз маҳалли зист иваз карда шавад». «Мо аз Шумо дархост менамоем, ки нисбат ба парвандаи Исмоилов тафтишоти иловагӣ гузаронида шавад ва мурофиаи додгоҳӣ дар ҷойи дигар, масалан дар шаҳри Душанбе доир гардад, зеро танҳо ҳамин тариқ беғаразиву холисӣ таъмин карда хоҳад шуд», – зикр гардида буд дар муроҷиатнома.

Муаллифони муроҷиатнома бар ин назаранд, ки чораи ҳабси пешакии Исмоилов хеле вазнин аст, зеро Исмоилов наметавонад ба шоҳидон фишор оварад ё баъзе маводро нобуд созад. «Аз озодӣ маҳрум ва ба ҳабс гирифтани Исмоилов чун амали қасоси шахсӣ ба назар мерасад», – изҳор гардида буд дар муроҷиатнома.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.