БОР: Тоҷикистон оқибатҳои бӯҳрони молиро муваффақона паси сар хоҳад кард

Директори иҷрокунандаи Бонки осиёгии рушд Ашок Кумар Лоҳирӣ мӯътақид аст, ки Тоҷикистон оқибатҳои буҳрони молии ҷаҳониро муваффақона паси сар хоҳад кард. Ба қавли ӯ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳслоти дохилии Тоҷикистон афзоиш ёфта, он то ахири сол бо зиёдтар хоҳад шуд. Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи бонк […]

Аваз Юлдошев


Директори иҷрокунандаи Бонки осиёгии рушд Ашок Кумар Лоҳирӣ мӯътақид аст, ки Тоҷикистон оқибатҳои буҳрони молии ҷаҳониро муваффақона паси сар хоҳад кард.

Ба қавли ӯ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳслоти дохилии Тоҷикистон афзоиш ёфта, он то ахири сол бо зиёдтар хоҳад шуд.

Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи бонк изҳор кард, ки ҳадаф аз сафари ӯ ба Тоҷикистон шиносоӣ бо ҷараёни амалисозии ислоҳот дар кишвар ва вазъи иқтисоди Тоҷикистон аст.

Лоҳирӣ гуфт, дар вохӯрӣ бо президент масоили самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ миёни бонк ва Тоҷикистон ва ҳамчунин рафти татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия ва соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Намояндаи БОР ҳамчунин иброз дошт, ки дар чаҳорчӯби татбиқи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ бонк бо ҳукумат ва шариокн оид ба рушд ҳамкориро идома медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуд. Ба ахири соли 2010 ҳаҷми умумии кӯмакҳои БОР ба Тоҷикистон дар шакли қарзу бурс ва ёрии техникӣ ба ҳудуди 720 млн. $ баробар шуд.

Мутобиқи барномаи Стратегияи шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014, БОР то соли 2014 ба Тоҷикистон ҳудуди 252 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. Арзиши умумии лоиҳаҳои ҷории БОР дар кишвар наздик ба 280 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, онҳо дар бахшҳои нақлиёт ва рушди савдо, энергетика ва соҳаи кишоварзӣ амалӣ мешаванд.

Намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токешӣ аст, ки то таъин шудан ба ин мансаб ба ҳайси намояндаи доимии БОР дар Афғонистон ва мутахассис оид ба рушди деҳот дар Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Филиппин, Туркманистон ва Ӯзбекистон ифои вазифа кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.