Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе дар сини 59-солагӣ роҳбари маъмурияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов аз олам даргузашт
.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР хабар доданд, М. Додоҷонов шурӯъ аз соли 2000-ум ба ҳайси роҳбари маъмурияти КМИР ифои вазифа мекард. Ӯ аз бемории дил ба ҳалокат расидааст.
Имрӯз Муҳибулло Додоҷонов дар оромгоҳи зодгоҳи худ – деҳаи Қирғизони ноҳияи Ваҳдат ба хок супурда мешавад.
Зимни кор дар вазифаи мазкур Муҳибулло Додоҷонов бо ОИ «Азия-Плюс» низ робитаи хуби корӣ дошт.
Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони мрҳум изҳори ҳамдардӣ мекунад.


