Аз ҳодисаи фоҷеабори дараи Камароб як сол пур шуд

Имрӯз аз ҳодисаи фоҷеабори дараи Камароби ноҳияи Рашт, ки бар асари ҳуҷуми мусаллаҳонаи ҷангиён ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ 28 нафар сарбозону афсарон ба ҳалокат расиданд, як сол пур шуд. Ҳукуматдорон тамоми масъулияти ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба дӯши гурӯҳҳои ҷангиёни собиқ қумондонҳои саҳроии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) […]

Наргис Ҳамробоева


Имрӯз аз ҳодисаи фоҷеабори дараи Камароби ноҳияи Рашт, ки бар асари ҳуҷуми мусаллаҳонаи ҷангиён ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ 28 нафар сарбозону афсарон ба ҳалокат расиданд, як сол пур шуд.

Ҳукуматдорон тамоми масъулияти ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба дӯши гурӯҳҳои ҷангиёни собиқ қумондонҳои саҳроии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) вогузор намуданд.

Пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор дар минтақаи шимоли кишвар амалиёти махсуси густардаи нерӯҳои ҳукуматӣ ҷиҳати аз ҷангиёни мухолиф озод кардани водии Рашт оғоз гардид.

Дар муддати якчанд моҳ ба нерӯҳои ҳукумат нобуд сохтани ҷангиёни ҷудогона муяссар шуд ва танҳо аввали соли 2011 Алӣ Бедакӣ бо ҷонибдоронаш ва моҳи апрели ҳамин сол Мулло Абдулло низ кушта шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ талафоти ҷонӣ доданд.

Дар ҳамин ҳол, Додситонии низомии ҶТ тафтишоти парвандаи ҷиноӣ оид ба ҳуҷуми мусаллаҳона ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиа дар дараи Камаробро ба анҷом расонида, онро ҷиҳати тафтишоти минбаъда ба Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ супурд.

Аммо тавре маълум шуд, ифшои маълумот дар бораи ин парванда махфӣ буда, айни замон ҳатто маълум нест, ки чанд нафар дар назди додгоҳ ҷавоб гуфтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.