Нигаронии ВКХ аз ҳодисаҳои куштори тоҷикон дар Русия

Зимни мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов дар шаҳри Душанбе аз ҳодисаҳои ахиран зиёд шудани ҳодисаҳои куштори шаҳрвандони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Собиров ба сафири Русия нигаронии ҷиддии ҷониби […]

Asia-Plus


Зимни мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов дар шаҳри Душанбе аз ҳодисаҳои ахиран зиёд шудани ҳодисаҳои куштори шаҳрвандони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Собиров ба сафири Русия нигаронии ҷиддии ҷониби Тоҷикистонро дар ин масъала изҳор дошта, илова намудааст, ки қатли бераҳмонаи шаҳрванди 24-солаи тоҷик Ҷонибек Қосимов чанде қабл дар вилояти Маскав вокуниши шадиде дар ҷомеа ба бор овард.

Муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ аз дипломатии русиягӣ дархост кардааст, ки ба баргузории тафтишоти объективонаи ин қазия мусоидат намуда, ҷониби Тоҷикистонро аз ҷараёни он мудом огаҳ намояд.

«Сафири Русия аз ин қазия изҳори таассуф намуда, ҷониби Тоҷикистонро мӯътақид сохтааст, ки дар ин хусус мақомоти раҳбарии кишвари худро огаҳ хоҳад сохт ва аз тарафи худ тамоми имконоти мавҷуда дар доираи салоҳияти худро истифода хоҳад бурд, то ки ин ҷиноят холисона мавриди тафтиш қарор гирад», – афзуд манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7-уми сентябр дар вилояти Маскав бо аломатҳои марги маҷбурӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Панҷакент Ҷонибек Қосимов дарёфт шуда буд. Аз рӯйи ин далел дар мақомоти дахлдори маҳалли ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ҷараёни тафтишоти ин парвандаро таҳти назорат қарор додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.