Ғоратгарон 50 ҳазор доллари ИМА-ро бо худ бурданд

Date:


Яке аз хонаҳои кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе мавриди ғорати мусаллаҳона қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ахири ҳафтаи гузашта ашхоси номаълум ба манзили зисти яке аз сокинони пойтахт ворид гардида, дасту пойи соҳибхонаро мебанданд ва сипас аз хона маснӯъоти заргарӣ ва пули нақд дар ҳаҷми умумии 50 ҳазор доллари ИМА-ро бо худ мебаранд.

Соҳибхоназан Ф.Н.-и 21-сола гуфтааст, ғоратгарон чор нафари ниқобпӯш ва бо таппонча мусаллаҳ будаанд.

«Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ҷустуҷӯйи ғоратгарон идома дорад», – гуфтанд дар ВКД.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...