Ирсоли парвандаи созмондеҳи гурӯҳи таблиғотии «Ҷамаоти Таблиғ» ба додгоҳ

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба созмондиҳандаи гурӯҳи таблиғотии занонаи созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъи «Ҷамоати Таблиғ» дар Сарбанд ба додгоҳ ирсол гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарёвари додситони вилояти Хатлон Толибҷон Азимов хабар дод, созмондиҳандаи гурӯҳи таблиғотии занона дар Сарбанд сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Муродбек Қаландаров аст, ки ҳанӯз замони донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ба номи Носири […]

Сайраҳмон Назриев


Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба созмондиҳандаи гурӯҳи таблиғотии занонаи созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъи «Ҷамоати Таблиғ» дар Сарбанд ба додгоҳ ирсол гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарёвари додситони вилояти Хатлон Толибҷон Азимов хабар дод, созмондиҳандаи гурӯҳи таблиғотии занона дар Сарбанд сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Муродбек Қаландаров аст, ки ҳанӯз замони донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хурави шаҳри Қӯрғонтеппа буданаш ба сафи созмони «Ҷамоати Таблиғ» шомил гардидааст.

«Дар ҷараёни тафтишот собит гардид, ки М. Қаландаров дар вохӯриҳои аъзои ин созмон ва густариши фаъолияти он дар вилояти Хатлон фаъолона ширкат варзида, маҳз ӯ созмондеҳи гурӯҳи таблиғотии занонаи созмони «Ҷамоати Таблиғ» ба шумор меравад. Ин гурӯх минбаъд «Мастурот» номгузорӣ шуд», – афзуд Т. Азимов.

М. Қаландаров мутобиқи моддаи 307, прим 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (даъвати оммавӣ ба тағйири сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи зӯроварӣ) айбдор карда мешавад. Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба М. Қаландаров ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳи Сарбанд ирсол шудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли 2006 бо қарори Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ фаъолияти созмони «Ҷамоати Таблиғ» дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда шуд. Моҳи июни ҳамин сол  сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷаннатулло Абдураҳмонов барои таблиғти афкору ғояҳои созмони «Ҷамоати Таблиғ» ба муддати 3,5 соли зиндон маҳкум карда шуд.

Қаблан моҳи декабри соли 2009 додгоҳи вилояти Хатлон ҳамчунин 36 нафар ҳаммаслакони Ҷ. Абдураҳмоновро ба муддатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум намуд. Моҳи марти соли гузашта бошад, мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба 56 нафар ҷонибдорони созмони «Ҷамоати Таблиғ» дар шаҳри Душанбе ба анҷом расида, 23 нафар ба муддати аз 3 то 6 сол равонаи зиндон шуданд.

Боқимонда 33 нафар аъзои созмони «Ҷамоати Таблиғ» бо қарори додгоҳ ба миқдори аз 1 то 2 ҳазор нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳанда ба 35 сомонӣ баробар аст) ҷарима баста шуданд.

Мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба парвандаи як гурӯҳи бузурги ҷонибдорони созмони «Ҷамоати Таблиғ», ки моҳи апрели соли 2009 дар яке аз масҷидҳои пойтахт боздошт шуда буданд, моҳи декабри ҳамон сол шурӯъ гардид.

Акс аз Reuters/Alexander Natruskin

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.