Намояндагони генерал Тағоймуродов боз ба додгоҳ ҳозир нашуданд

Ҷаласаи додгоҳӣ оид ба баррасии даъвои генерал Анвар Тағоймуродов ба ҳафтавори «Азия-Плюс» бори навбатӣ доир нагардид. Тавре адвокати ҳафтавор Шӯҳрат Қудратов хабар дод, мурофиаи додгоҳӣ бинобар ба додгоҳ ҳозир нашудани намояндагони даъвогар баргузор нашудааст. «Ин маротибаи дуюм аст, ки намояндагони даъвогар ба додгоҳ ҳозир намешаванд ва дар ин хусус ҷониби дигарро огоҳ намесозанд. Қабл аз […]

Рамзия Мирзобекова



Ҷаласаи додгоҳӣ оид ба баррасии даъвои генерал Анвар Тағоймуродов ба ҳафтавори «Азия-Плюс» бори навбатӣ доир нагардид.


Тавре адвокати ҳафтавор Шӯҳрат Қудратов хабар дод, мурофиаи додгоҳӣ бинобар ба додгоҳ ҳозир нашудани намояндагони даъвогар баргузор нашудааст.


«Ин маротибаи дуюм аст, ки намояндагони даъвогар ба додгоҳ ҳозир намешаванд ва дар ин хусус ҷониби дигарро огоҳ намесозанд. Қабл аз ин низ онҳо ба мурофиаи додгоҳии рӯзи 16-уми сентябр ҳозир нашуда буданд. Додрас бо онҳо дар тамос шуда, ҳозир шуданашонро дар соати 3-и рӯз мувофиқа кард, вале онҳо боз наомаданд. Додгоҳ тасмим гирифта буд, ки мурофиаро то рӯзи 21-уми сентябр мавқуф гузорад, вале имрӯз ҳам онҳо бо сабабҳои номаълум ҳозир шуда натавонистанд. Акнун мурофиаи додгоҳии навбатӣ ба снаи 23-юми сентябр таъин гардид», – гуфт Қудратов.


Ёдрас мекунем, ки собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, феълан муовини вазири ин ниҳод Анвар Тағоймуродов нахуст нашрияи «Азия-Плюс» ва баъдан хабарнигори он Рамзия Мирзобековаро ба додгоҳ кашид. Ба иддаои вай мақолаи «Тафтиш ё инкивизитсия?» олудаи тӯҳмату таҳқир буда, шаъну эътибор ва номи неки ӯро миёни кормандон ва ҷомеаи паст мезанад. Ӯ


1


миллион




сомонӣ




ҷуброн




талаб




кардааст


.


Мавриди




зикр




аст


,


ки




дар




матлаби




Рамзия




Мирзобекова




аз




шиканҷаву




азоби




боздоштшудаҳо




аз




сӯи




кормандони




интизомӣ




нақл




мешуд


.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.