Нишастҳои хабарии ҳар семоҳаи ҳатмӣ дар Тоҷикистон бекор шуд

Date:


Нишастҳои хабарии ҳар семоҳаи ҳатмии мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон бекор шуд. Мутобиқи супориши президенти мамлакат, шурӯъ аз 1-уми октябри соли ҷорӣ нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дастгҳи иҷроияи сарвари давлат хабар доданд, дар супориш гуфта мешавад, дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои миллии мустақили Тоҷикистон дар робита ба ин масъала дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки иқдоми мазкур вазъи бе ин ҳам душвори дастрасӣ ба маълумотро боз ҳам мушкилтар месозад.

«Ҳарчанд нишастҳои хабарии хар семоҳа ба ҳисоботи роҳбарон дар бораи фаъолияташон шабоҳат дошта буданд ҳам, ба ҳар ҳол, мебояд эътироф кард, ки онҳо воситаи асосии гирифтани маълумот аз сарчашмаи аслӣ ба шумор мерафтанд», – таъкид сохт ӯ.

Ба андешаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов, баргузории нишастҳои хабарии ҳар се моҳ аз иқдоми хубу назарраси сарвари давлат маҳсуб меёфт, ҳарчанд сатҳу сифати баргузории он на он қадр қобили қабул буд.

«Агар нишастҳои хабарии нимсолаи роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ дар сатҳи нисбатан баланд гузаронида шаванд ва дар онҳо вақти бештаре ҷудо гарданд, онҳо низ ба журналистон дар дастрасӣ ба маълумоти хушсифат мусоидат хоҳанд кард», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...