Кӯдакони тоҷикро ба пахтачинӣ маҷбур мекунанд

Дар вилояти Суғд толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, коллеҷи тиббӣ ва кормандони оҳаи бюҷетӣ ба ҷамъоварии пахта ҷалб карда мешаванд. Толибилми яке аз омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии ноҳияи Конибодом Н.Абдулло мегӯяд, тамоми донишҷӯёни омӯзишгоҳҳо ба таври «ихтиёрӣ-маҷбурӣ» ба ҷамъоварии пахта сафарбар мешаванд. «Рӯзҳои 10-11-уми сентябр маъмурияти коллеҷ ҳамаро маҷбур сохт, ки ба ҷамъоварии пахта ҳозир шаванд […]

Акмал Маннонов


Дар вилояти Суғд толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, коллеҷи тиббӣ ва кормандони оҳаи бюҷетӣ ба ҷамъоварии пахта ҷалб карда мешаванд.

Толибилми яке аз омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии ноҳияи Конибодом Н.Абдулло мегӯяд, тамоми донишҷӯёни омӯзишгоҳҳо ба таври «ихтиёрӣ-маҷбурӣ» ба ҷамъоварии пахта сафарбар мешаванд.

«Рӯзҳои 10-11-уми сентябр маъмурияти коллеҷ ҳамаро маҷбур сохт, ки ба ҷамъоварии пахта ҳозир шаванд ва дар сурати ҳозир нашудан ё аз таълимгоҳ хориҷ ва ё аз комиссариати ҳарбӣ дархост мекунанд, ки шахси ҳозирнабуда дар навбати аввал ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шавад», – изҳор кард ӯ.

Омӯзори мактаби таҳсилоти умумии рақами 24 С. Ҳабиба гуфт, алҳол хонандагони синфҳои 6-11 ва баъзан синфи 5-уми тамоми макотиби деҳоти ноҳияи Конибодом дар нимаи дуюми рӯз ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғул мешаванд. «Макомот мегӯянд, намояндагони ҳукумат таври шифоҳӣ ин супоришро додаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки сарвари давлат супориш дода буд, ки хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ ба маъракаи ғунучини ҳосили пунбадона ҷалб карда нашаванд», – гуфт вай.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» табиб Т. Абдусалом иброз дошт, ки рӯзҳои истироҳат кормандони ташкилоту муассисаҳои бюҷетиро маҷбурӣ ба ҷамъоварии ҳосили пахта сафарбар менамоянд. Табибони оянда – донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ низ ба ҷамъоварии ҳосил машғуланд.

«Духтарам дар коллеҷи тиббӣ таҳсил мекунад, – идома медиҳад Абдусалом. – Дар сурати даст кашидан аз ҷамъоварии ҳосил донишҷӯёнро бо эҷоди мушкилот дар давраи имтиҳонсупорӣ ё хориҷ кардан аз таълимгоҳ метарсонанд. Онҳо дар майдонҳои кишт аз соати 8-и субҳ то 6-и бегоҳ ҳосил меғундоранд ва дар ҳамин ҳол, онҳо бо маводи ғизоӣ ва оби нӯшокӣ таъмин нестанд»


Далелҳо рӯйпӯш мешаванд

Барои шарҳи масъала мо ба Вазорати маорифи ҷумҳурӣ муроҷиат кардем.

Сухангӯи вазорат Ноилшо Нуралиев гуфт, ҷалби мактаббачагону донишҷӯён ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ғайриқонунӣ аст.

«Дар моддаи 26-и Қонун «Дар бораи маориф» гуфта мешавад: «… Дар муассисаҳои таълимӣ сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ, аз иҷрои вазифаҳои асосии худ ба дигар кор ҷалб шудани кормандони бахши омӯзгорӣ, ҷалби хонандагону донишҷӯён ва аспирантҳо ба корҳои кишоварзӣ ва дигар корҳое, ки ба тарбия ва таълим марбут нестанд, манъ аст», – гуфт ӯ.

Тирамоҳи соли гузашта намояндагии Созмони байнулмилалӣ оид ба муҳоҷират бобати истифодаи меҳнати кӯдакон дар майдонҳои кишти пахта як мониторинг гузаронида, ошкор сохт, ки мактаббачагон ва ҷавонони бо таҳсил фарогирифташуда дар Тоҷикистон ба маъракаи ғунучини ҳосили пахта ҷалб карда шудаанд. Бо мақсади рӯйпӯш сохтани далелҳои ҷалби кӯдакону ҷавонон ба ҷамъоварии пахта, роҳбарони хоҷагӣ ва директорони мактабҳо пешакӣ ба онҳо дастур додаанд, ки чӣ тавр ба ҳар гуна суолҳои намояндагони ВАО посух бигӯянд. Ба кӯдакон дастур дода шуда буд, то бигӯянд, ки на ба таври маҷбурӣ, балки ихтиёрӣ ба ҷамъоварии ҳосил баромадаанд. Дар навбати худ мақомти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар хусуси ҷой доштани чунин далелҳо огоҳ карда шуда буданд. Натиҷаҳои мониторинг аввали соли равон ба маълумоти ҳамагон пешкаш шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.