Шукурҷон Зуҳуров озими Кобул шуд

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар маросими дафни собиқ президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, ки рӯзи 20-уми сентябр дар ҳавлии манзили зисташ аз ҷониби террорист-маргталаб кушта шуд, озими шаҳри Кобул шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, Шукурҷон Зуҳуров бо супориши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон озими Афғонистон шуда, […]

Аваз Юлдошев


Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар маросими дафни собиқ президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, ки рӯзи 20-уми сентябр дар ҳавлии манзили зисташ аз ҷониби террорист-маргталаб кушта шуд, озими шаҳри Кобул шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, Шукурҷон Зуҳуров бо супориши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон озими Афғонистон шуда, дар ин сафар ӯро раиси Кумитаи масоили байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумони кишвар Олим Салимзода ҳамроҳӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва собиқ президенти ин кишвар Бурҳониддин Раббонӣ бар асари амали террористӣ дар ҳавлии манзили зисти худ ба ҳалокат расид. Шоми имрӯз дар теппаи Вазир Акбар Хони шаҳри Кобул маросими дафни ӯ доир мегардад.

Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон рӯзи сешанбе дар кӯчаи 10-уми хиёбони Вазир Акбар Хон, ки дар наздикии маҳалли намояндагиҳои дипломатӣ ва сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико воқеъ аст, инфиҷор рух додааст.

Бар асари таркиш Раббонӣ ва боз панҷ нафар меҳмонони ӯ ба ҳалокат расиданд. Чанде баъдтар як гурӯҳи аъзои ҳаракати «Толибон» ба хабаргузории Reuters гуфтаанд, як гурӯҳе гӯё ҷиҳати созмон додани гуфтушунид бо Б. Раббонӣ таъсис дода шуда, вале ҳадафи аслии гурӯҳ нобуд сохтани собиқ президенти Афғонистон будааст.

«Ҳангоме ки Б. Раббонӣ ба назди намояндаи мо омада, ӯро ба оғӯш гирифтанӣ шуд, ин вақт ӯ дастгоҳи таркандаи дар ҷисмаш бударо ба кор овард, ки дар натиҷа собиқ президент ва чаҳор нафар муҳофизони ӯ кушта шуданд. Ҳар ду намояндагони моро дар гуфтушуниди мазкур Б. Раббонӣ ба хубӣ мешинохт ва ба онҳо эътимод дошт», – гуфтаанд онҳо.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти раҳбарии ҳаракати «Толибон» перомуни ҳалокати Б. Раббонӣ хомӯширо ихтиёр кардаанд ва ин далел бобати ба маҳз аз ҷониби «Толибон» кушта шудани собиқ президенти Афғонистон шубҳаву гумонҳо ба бор меоварад.

Ҳамчунин то ҳанӯз дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи ҳукумати кунунии Афғонистон низ қатли Бурҳониддин Раббониро ба дӯш нагирифтаанд.

Солҳои 1980-1990 Бурҳониддин Раббонӣ яке аз пешвоёни муҷоҳидини афғон буд. Соли 1992 пас аз сарнагун кардани ҳукумати Наҷибуллоҳ то истеъфои расмии худ – 22-юми декабри соли 2001 ӯ мансаби президенти Афғонистонро бар дӯш дошт. Ахиран Бурҳониддин Раббонии 71-сола ба ҳайси раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ифои вазифа мекард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.