Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо ёвари котиби давлатии ИМА

Дар чаҳорчӯбиби сафар ба шаҳри Ню-Йорк ва ширкат дар кори иҷлосияи 66-уми Маҷмаъи кулли СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ёвари Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка Роберт Блейк мулоқот намуд.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва вазъият […]

Asia-Plus


Дар чаҳорчӯбиби сафар ба шаҳри Ню-Йорк ва ширкат дар кори иҷлосияи 66-уми Маҷмаъи кулли СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ёвари Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка Роберт Блейк мулоқот намуд.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва вазъият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамрохон Зарифӣ ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Юсуф ибни Алавӣ Ибни Абдулло мулоқот намуда, зимни мулоқот масъалаҳои муносибати дуҷониба ва роҳҳои густаришу таҳкими он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунини ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналхалқӣ табодули назар намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои “Шоҳроҳи нави абрешим”, ки бо ташаббуси вазирони корҳои хориҷии Олмон, Афғонистон ва ШМА даъват гардида буд, низ иштирок ва суханронӣ намуд.

 Дар суханронии худ Ҳ. Зарифӣ аз корҳои анҷомдодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими равобит бо Афғонистон ёдовар гардида, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳои минтақавӣ, ки ба таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ дар Афғонистон равона гардидаанд, изҳор намуд. Ҳамчунин, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, то лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика дар чаҳорчӯби ташаббуси “Шоҳроҳи нави абрешим” амалӣ шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.