Дар Тоҷикистон тайи 19 сол беш аз 830 нафар аз мина осеб диданд

Шурӯъ аз соли 1992 дар ноҳияҳои наздимарзӣ бо Афғонистон, Ӯзбекистон ва маҳаллаҳои аҳолинишини наздик ба тамрингоҳҳои низомӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 831 нафар шаҳрвандон аз таркиши минаҳо осеб диданд, ки 364 нафар аз онҳо дар ҷойи ҳодиса ё аз ҷароҳатҳои бардошта аз таркиши мина дар бемористонҳо ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора дар семинари ифтитоҳшуда […]

Турко Дикаев


Шурӯъ аз соли 1992 дар ноҳияҳои наздимарзӣ бо Афғонистон, Ӯзбекистон ва маҳаллаҳои аҳолинишини наздик ба тамрингоҳҳои низомӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 831 нафар шаҳрвандон аз таркиши минаҳо осеб диданд, ки 364 нафар аз онҳо дар ҷойи ҳодиса ё аз ҷароҳатҳои бардошта аз таркиши мина дар бемористонҳо ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бора дар семинари ифтитоҳшуда таҳти унвони «Эҳтиёт шав, мина!» дар Кумитаи минтақавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон маълумот дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсози Барномаи огаҳсозии аҳолӣ дар бораи хатари минаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Занҷирбек Карамов хабар дод, ба кори семинар фаъолон ва ихтиёриёни Ҷамъият аз ноҳияҳои Фархор, Шӯрообод ва Ҳамадонӣ даъват шудаанд, ки бо Афғонистон ҳаммарзанду дар ин ин минтақа хатари таркиши мина бештар вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, Барномаи зикршудаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчунин ноҳияҳои Панҷ, Ҷиликӯл, Шаҳритӯс ва ҳамчунин 6 ноҳияи вилояти Суғду водии Раштро низ дар бар мегирад.

З.Карамов қайд кард, ки дар маҳаллаҳои аҳолинишин мунтазам ихтиёриён бо аҳолӣ кор мекунанд. Як маротиба дар муддати 2-3 моҳ барои онҳо ва фаъолони Ҷамъият аз ноҳияҳо семинарҳои омӯзишиву маърифатӣ гузаронида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...