Тоҷикистон интиқоли санҷишии барқ ба Афғонистонро шурӯъ мекунад

Рӯзҳои наздик интиқоли санҷишии нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон тавассути хатти баландшиддати интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ оғоз мегардад. Чанде қабл дар ин хусус миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистону Афғонистон тавофуқ ҳосил шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Нурмаҳмад Холназаров хабар дод, рӯзҳои наздик намояндагони ширкати «Барқи тоҷик» таҳти сарварии […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзҳои наздик интиқоли санҷишии нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон тавассути хатти баландшиддати интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ оғоз мегардад. Чанде қабл дар ин хусус миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистону Афғонистон тавофуқ ҳосил шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Нурмаҳмад Холназаров хабар дод, рӯзҳои наздик намояндагони ширкати «Барқи тоҷик» таҳти сарварии муовини аввали раиси ширкат Абдулло Қурбонов ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи қисмати хатти баландшиддати барқ дар қаламрави Афғонистон ба ин кишвар сафар мекунанд. «Агар вазъи хатти баландшиддати интиқоли барқ дар қаламрави Афғонистон қобили қабул бошад, дарҳол интиқоли санҷишии он тавассути ин хат шурӯъ мешавад», – гуфт ӯ.

Аммо, ба қавли вай, шурӯъ аз моҳи октябр аллакай дар худи қаламрави Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ ба мушоҳида мерасад. «Аз ин рӯ, соли равон мо ба Афғонистон ба таври истисноӣ танҳо бо мақсади санҷиш ҳамагӣ 3-4 МВт интиқол хоҳем дод. Гузашта аз ин, дар сурати камбуди шадиди барқ дар ҷумҳурӣ, интиқоли ҳамин миқдор нерӯи барқ низ дарҳол қатъ хоҳад гардид ва аз ин рӯ, интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон дар ин мавсим бо назардошти вазъи обуҳаво шояд ҳамагӣ муддати як-ду ҳафта идома ёбаду халос», – таъкид кард Холназаров.

Ба қавли номбурда, интиқоли нерӯи барқ тавассути хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ дар ҳаҷми пурра соли оянда шурӯъ мешавад. «Дар бораи ҳаҷми интиқол сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст, зеро дар Афғонистон то ҳол шабакаҳои дохилӣ, ки тариқи онҳо нерӯи барқ ба маҳаллаҳои аҳолинишин тақсим карда мешавад, омода нестанд ва аз мӯҳлати дақиқи омодашавии он мо маълумот дар даст надорем», – гуфт ӯ.

Намояндаи Вазорати энергетика ва саноати кишвар хотирррасон намуд, ки мувофиқи қарордоди қаблан баимзорасида миёни энергетикҳои тоҷику афғон, интиқоли барқ ба Афғонистон тавассути хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ бояд моҳи августи соли равон оғоз мегардид, аммо қисмати хат дар қаламрави Афғонистон дар ин вақт пурра омода набуд. «Ҳамчунин ӯзбекон низ ба ин кор монеъа эҷод сохта, изҳор карданд, ки агар тавассути хатти Сангтӯда-Пули Хумрӣ интиқоли нерӯи барқ оғоз гардад, Ӯзбекистон дар мавсими тирамоҳу зимистон интиқоли барқ ба Афғонистонро қатъ хоҳад кард», – афзуд Холиқназаров.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои қаблӣ ҷониби Афғонистон кафолати интиқоли барқ дар муддати тамоми солро тақозо намуд, вале Тоҷикистон, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон ба камбуди барқ мувоҷеҳ мегардад, ин талабро рад кард.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, арзиши як киловатт нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон 3,5 сентро ташкил хоҳад дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки айни замон арзиши як киловатт нерӯи барқи Ӯзбекистон ба Афғонистон ба 7,5 сент баробар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.