Муҳиддин Кабирӣ дубора раиси ҲНИТ интихоб шуд

Дар Анҷумани IX-уми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раиси пешинаи он Муҳиддин Кабирӣ банрои чаҳор соли оянда ба ҳайси раиси ҲНИТ интихоб шуд. Тавре аз ситоди қароргоҳи марказии ҳизб хабар доданд, меҳмонони зиёде аз кишварҳои гуногун ва беш аз 2000 ҷонибдорони ҳизб дар мақари ҲНИТ ширкат доштанд. Бахши аввали анҷуман ба интихоби комиссияи тафтишот ва раҳбари […]

Asia-Plus


Дар Анҷумани IX-уми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раиси пешинаи он Муҳиддин Кабирӣ банрои чаҳор соли оянда ба ҳайси раиси ҲНИТ интихоб шуд.

Тавре аз ситоди қароргоҳи марказии ҳизб хабар доданд, меҳмонони зиёде аз кишварҳои гуногун ва беш аз 2000 ҷонибдорони ҳизб дар мақари ҲНИТ ширкат доштанд. Бахши аввали анҷуман ба интихоби комиссияи тафтишот ва раҳбари нави ҲНИТ бахшида шуда буд.

Раиси комисиияи тафтишот Муҳаммадалии Файзиддин интихоб шуд. Раёсати тозаинтихобшудаи ҳизб номзадии Кабириро бори дигар пешниҳод намуд, ки вакилон ба ҷуз Муҳиддин Кабирӣ аз он ҷонибдорӣ намуданд.  Маврид ба зикр аст, ки Кабирӣ барои 4 соли дигар раҳбарии ҲНИТ-ро ба дӯш хоҳад дошт.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.