Хатти интиқоли барқи Хуҷанд-Айнӣ 220 кВ ба истифода дода мешавад

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард. Ӯ дар ноҳияи Айнӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти интиқоли барқи Айнӣ-Хуҷанд 220 кВ ширкат хоҳад варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази амалисозии лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон хабар доданд, татбиқи лоиҳа оид ба бунёди хатти мазкур моҳи октябри соли 2010 шурӯъ гардид. […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард.

Ӯ дар ноҳияи Айнӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти интиқоли барқи Айнӣ-Хуҷанд 220 кВ ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази амалисозии лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон хабар доданд, татбиқи лоиҳа оид ба бунёди хатти мазкур моҳи октябри соли 2010 шурӯъ гардид. Паймонкори асосии табиқи лоиҳа ширкати «ТВЕА»-и Чин аст. Арзиши умумии лоиҳа, ки пурра ҳукумати Чин маблағгузорӣ намуд, ҳудуди 37 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба андешаи коршиносон, муҳим будани амалисозии лоиҳа дар он ифода меёбад, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он мушкилоти таъминоти водии Зарафшон пурра роҳи ҳалли худро пайдо намуда, дигар шабаакаҳои барқии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба Ӯзбекистон вобаста нахоҳанд буд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз ширкати «Барқи тоҷик», айни замон қимати 1 кВ/соат нерӯи барқи Ӯзбекистон барои аҳолии водии Зарафшони вилояти Суғд 4,2 сентро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, имрӯз сарвари давлат дар маросимҳои мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои хурди барқии «Марзич» ва «Дашти Искодар», ки дар ноҳияи Айнӣ бунёд гардидаанд, низ ширкат хоҳад варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...