Ҳамрохон Зарифӣ ба Пан Ги Мун ордени Исмоили Сомониро супурд

Дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот анҷом дод . Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғоз Ҳамрохон Зарифӣ ба Пан Ги Мун аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ордени Исмоили Сомонӣ Дараҷаи 1-ро барои саҳми арзанда дар […]

Asia-Plus


Дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот анҷом дод

.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғоз Ҳамрохон Зарифӣ ба Пан Ги Мун аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ордени Исмоили Сомонӣ Дараҷаи 1-ро барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои созанда ва ҳамкориҳои гуногунҷанбҳаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ, таъмини сулҳи ҷаҳонӣ ва амнияти минтақавӣ, мусоидати ҳамаҷониба ба раванди рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

 Пас аз маросими супоридани орден сӯҳбати Вазир бо Дабири кулл сурат гирифт, ки дар рафти он ҳамкории ҷорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ ва дурнамои он, вазъ дар минтақаи Осиёи Миёна ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Дабири кулли СММ, Мудири Барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк мулоқот кард.

 Дар оғоз, маросими супоридани Ордени Дӯстӣ ба муовини Дабири кулли СММ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳелен Кларк барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои созанда ва ҳамкориҳои гуногунҷанбҳаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ, мусоидати ҳамаҷониба ба раванди рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин орден сарфароз гардид.

 Дар мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Хелен Кларк дурнамо ва раванди татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва лоиҳаҳои фаромарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.