Тақозои Тоҷикистон оид ба баргузории ташхиси низоми истифодаи об дар ОМ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар чаҳорчӯби муколамаҳои сиёсӣ дар иҷлосияи 66-уми Маҷмаъи кули Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, изҳор кард, ки амалисозии стратегияи миллии рушд самти муҳими сиёсати иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти радиои СММ, ҳукумати Тоҷикистон се ҳадафи асосӣ – таъмини амнияти ғизоиву энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро […]

Пайрав Чоршанбиев


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар чаҳорчӯби муколамаҳои сиёсӣ дар иҷлосияи 66-уми Маҷмаъи кули Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, изҳор кард, ки амалисозии стратегияи миллии рушд самти муҳими сиёсати иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти радиои СММ, ҳукумати Тоҷикистон се ҳадафи асосӣ – таъмини амнияти ғизоиву энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро муайн кардааст.

Зимни суханронӣ Ҳамрохон Зарифӣ хотиррасон кард, ки ҳукумати Тоҷикистон бобати узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо фаъолона гуфтушунид дорад. Дар робита ба масоили идораи пурсамари захоири обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки соли 2013 Соли байнулмилалии ҳамкорӣ оид ба масоили истифодаи захоири обӣ эълон шудааст.

«Бо назардошти манфиатҳои умумии минтақавӣ Тоҷикистон ба ҳамкории густарда оид ба тамоми масоили истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикӣ бо тамоми кишварҳои минтақа омода аст», – гуфтааст Зарифӣ.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ба хушкшавии баҳри Арал обанборҳои сохташуда дар кишварҳои поёноб таъсири назаррас мерасонанд.

«Аз ин рӯ, Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бо мусоидати СММ ташхиси маҷмӯавии тамоми низоми истифодаи захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ гузаронида шавад», – иброз доштааст Ҳ. Зарифӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.