Имзои қарордоди ҳамкории дуҷонибаи низомӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Дар ҷараёни баргузории тамринҳои зиддитеррористии низомӣ  дар Ҷиргатол Тоҷикистону Қирғизистон нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба барои соли 2012-ро ба имзо расониданд. Зери санади мазкур сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ Рамил Надиров ва сардори Сарраёсати ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон Таалайбек Омуралиев имзо гузоштанд. Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, тамринҳои низомии ҳарбиёни […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷараёни баргузории тамринҳои зиддитеррористии низомӣ  дар Ҷиргатол Тоҷикистону Қирғизистон нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба барои соли 2012-ро ба имзо расониданд.

Зери санади мазкур сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ Рамил Надиров ва сардори Сарраёсати ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон Таалайбек Омуралиев имзо гузоштанд.

Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, тамринҳои низомии ҳарбиёни ду кишвар таҳти сарварии фармондеҳи нерӯҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-майор Латиф Файзиев доир гардиданд. Дар ин тамринҳо дар маҷмӯъ беш аз 600 нафар низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон ширкат варзиданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар тамринҳо гурӯҳи зудамал, воҳидҳои дигар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ ва нерӯҳои марзбонии КДАМ иштирок карданд.

Қирғизистонро дар тамрин гурӯҳи зудамали Вазораи мудофиаи ин кишвар намояндагӣ кард.

Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати сарфароз гардонидани иштирокчиёни фаъоли тамринҳо ба Ҷиргатол омад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.