Педиатрони кишварҳои Авруосиё дар Душанбе гирдиҳам меоянд

Пагоҳ дар пойтахти Тоҷикистон Конгресси XI-уми педиатрони кишварҳои Авруосиё ба кор шурӯъ мекунад. Иштирокчиёни конгресс дар мавзӯи «Мушкилоти солимӣ ва рушди кӯдакон дар марҳилаи муосир» изҳори назар мекунанд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакон дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Академияи улуми тиббӣ ва Иттифоқи ҷамъиятҳои миллии педиатрон созмон дода мешавад. […]

Меҳрангез Турсунзода


Пагоҳ дар пойтахти Тоҷикистон Конгресси XI-уми педиатрони кишварҳои Авруосиё ба кор шурӯъ мекунад. Иштирокчиёни конгресс дар мавзӯи «Мушкилоти солимӣ ва рушди кӯдакон дар марҳилаи муосир» изҳори назар мекунанд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакон дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Академияи улуми тиббӣ ва Иттифоқи ҷамъиятҳои миллии педиатрон созмон дода мешавад.

Дар конгресс масоили истифодаи тарзҳои нави ташхис ва табобати кӯдакону наврасон, методҳои пешгирӣ дар педиатрия ва ҳамчунин мушкилоту дастовардҳои бахши педиатрия дар кишварҳои минтақаи Авруосиё мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ба кори конгресси мазкур 200 нафар мутахассисони муваффақи ин соҳа аз Русия, Украина, Белорус, Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва кишварҳои дигар даъват шудаанд.

Бино ба маълумоти созмондиҳандагони чорабинӣ, баргузории конгресс аз ҷониби созмонҳо ва ширкатҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Институти «Ҷомеаи кушод» – Фонди мусоидат дар Тоҷикистон  маблағгузорӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.