Ҳафтавори «Фараж»-ро ба маҳкама кашиданд

Ҳафтавори «Фараж» дар паст задани наъну эътибор ва мартабаи корӣ айбдор карда мешавад. Аризаи даъвогӣ аз болои ҳафтаворро сокини ноҳияи Рӯдакӣ Файзиддин Азизов пешниҳод намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардабири ҳафтанома Хуршеди Атовулло хабар дод, рӯзи 26-уми сентябр ба идораи ҳафтавор аз додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ огоҳинома ворид гардидааст, ки дар он аз намояндагони ҳафтавор дархост […]

Аваз Юлдошев


Ҳафтавори «Фараж» дар паст задани наъну эътибор ва мартабаи корӣ айбдор карда мешавад. Аризаи даъвогӣ аз болои ҳафтаворро сокини ноҳияи Рӯдакӣ Файзиддин Азизов пешниҳод намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардабири ҳафтанома Хуршеди Атовулло хабар дод, рӯзи 26-уми сентябр ба идораи ҳафтавор аз додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ огоҳинома ворид гардидааст, ки дар он аз намояндагони ҳафтавор дархост карда шудааст, ба додгоҳи мазкур ҷиҳати гирифтани нусхаи аризаи даъвогии сокини ноҳияи Рӯдакӣ Файзиддини Азизов нисбат ба нашрия ва журналист Зевар Шарифова барои чои мақолаи «Даҳшат дар суди Рӯдакӣ: «Мерседес» – 22 000 доллар» (17-уми августи соли 2011) ҳозир шаванд.

«Ф. Азизов чунин мешуморад, ки ҳафтавор ва муаллифи мақола шаъну эътибори ӯро паст зада, ба мартабаи кориаш зарар расонидаанд», – мегӯяд Х. Атовулло.

Тибқи маълумоти сардабир, чунин аризаи даъвогӣ чанд рӯз қабл ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ пешниҳод шудааст, вале дар робита ба риоя накардани тартиботи барасмиятдарории аризаи даъвогӣ ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ будани аризадиҳанда, қабули он рад карда шудааст.

Ба қавли ӯ, Азизов дар аризаи нахусти худ ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 103 ҳазор доллари ИМА)-ро талаб кардааст.

«Мо ба унвони додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ мактубе ирсол кардем, ки дар он гуфта мешавад, мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ, нусхаи аризаи даъвогӣ ба суроғаи мо бояд аз ҷониби додгоҳ фиристода шавад ва мо ӯҳдадор нестем, ки барои гирифтани он ба додгоҳ ҳозир шавем», – зикр кард сардабири ҳафтавори «Фараж».

Номбурда ҳамчунин афзуд, «баҳси додгоҳии оғозмеёфта ба фаъолияти мӯътадили ҳафтавор халал ворид хоҳад сохт».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.