Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Низоми байнулмилалии интиқоли маблағҳои пулии
UNIStream
бо ҶСК «Фононбонк»-и Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Тавре аз
UNIStream
ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар созишнома рушди шабакаҳои нуқтаҳои хизматрасонӣ тавассути шӯъбаҳои бонк, ки дафтари асосиаш дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон феълан 500 нуқтаи низоми мазкур амал карда, дар фаъолияти низом ҷумҳурӣ мақоми муҳим дорад, зеро раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар ин ҷо мунтазам рӯ ба афзоиш мениҳад. «Аз ин рӯ, ба густариши фаъолият дар ин самт мо таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамоем», – гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки айни замон низоми
UNIStream
дар Тоҷикистон бо 11 ниҳоди молиявӣ, аз ҷумла «Тоҷпромбонк», «Агроинвестбонк», «Бонки Эсхата» ва ғайра ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.


