Дархости таҳти назорати президент қарор гирифтани парвандаи журналист Исмоилов

Иттифоқи журналистон, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мутақил, Шӯро оид ба ВАО ва Медиа Алянси Тоҷикистон аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум кардани хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов изҳори ташвиш намуда, ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муроҷиатнома қабул карданд. Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, чунин ҷазо, ки бо амалҳои […]

Asia-Plus


Иттифоқи журналистон, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мутақил, Шӯро оид ба ВАО ва Медиа Алянси Тоҷикистон аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум кардани хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов изҳори ташвиш намуда, ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муроҷиатнома қабул карданд.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, чунин ҷазо, ки бо амалҳои рӯзноманигор қиёснашаванда аст, ба озодии ВАО хатар эҷод карда, ба эътибори Тоҷикистон ҳамчун давлати пешгирифтаи роҳи рушди демократӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.

Зикр мегардад, ки парвандаи ҷиноятии Исмоилов, хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ» аллакай моҳи чорум аз чониби суди шаҳри Табошари вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дорад. Маҳмадюсуф Исмоилов рӯзи 23 ноябри соли 2010 аз тарафи мақомоти ҳифзи тартиботи қонуни ноҳияи Ашт дастгир ва ҳабс карда шудааст. Ба вай тибқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189 қисми 2 (Барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва динӣ» ва 250 (Тамаъҷӯйӣ) КҶ ҶТ айб эълон карда шудааст. Созмонҳои миллию байналмилалии рӯзноманигорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар, ки парвандаи мазкурро пайгирӣ менамоянд, чунин меҳисобанд, ки Исмоилов бо сабаби дар матбуот ба табъ расондани мақолаҳои танқидӣ мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Исмоилов борҳо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи қонун ва сохторҳои судиро танқид карда, ҳатӯлкорӣ, сиёсати сусти иҷтимоию иқтисодӣ ва сӯистифода аз мансабро дар ноҳияи Ашт фош кардааст.

Рӯзи 29 сентябр дар суд, дар ҷараёни музокираи тарафҳо айбдоркунандаи давлатӣ, ёрдамчии прокурори шаҳри Табошар Амирҷон Ғафуров аз суд пурсид, ки рӯзноманигорро 16 сол аз озодӣ маҳрум карда, бо истифодаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» мӯҳлати ҷазо ду сол кам карда шавад. Вале адвокатҳои рӯзноманигор Муҳаббат Ҷӯраева ва Садриддин Саидов дар амалҳои рӯзноманигор мавҷуд набудани таркиби ҷиноятиро исбот карда, талаб доранд, ки зерҳимояи онҳо сафед карда шавад. Ба андешаи дигар коршиносони миллӣ ва байналмилӣ низ дар ҷараёни оғоз кардан ва тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Исмоилов як қатор вайронкуниҳои дағалонаи меъёрҳои протсессуалии қонунгузории ҶТ роҳ дода шудааст.

«Бо сабаби он, ки парвандаи мазкур дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди вокунишҳои шадид қарор гирифт, созмонҳои рӯзноманигорӣ ба Шумо – Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, аз Шумо роҳбари давлат, ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони ҷумҳурӣ хохиш дорем, ки парвандаи ҷиноятии хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоиловро таҳти назорати шахсии худ қарор диҳед. Мо умедвор хастем, ки риояи меъёрхои эҳтимолияти бегуноҳӣ ва адолати судӣ нисбат ба ҳамкори мо – М.Исмоилов таъмин мегардад», – омадааст дар муроҷиатнома.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...