«Маликаи норинҷӣ»-и Украина ба 7 соли зиндон маҳкум гардид

Собиқ нахуствазири Украина Юлия Тимошенко ба 7 соли зиндон маҳкум гардид. Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости», ҳамчунин додгоҳ ӯро ба пардохти хисорот ба «Нафтогаз Украина» муваззаф сохтааст, вале Юлия Тимошенко изҳор кардааст, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ нест. Додгоҳи Печери шаҳри Киев ӯро ба баромадан аз ҳадди ваколат гунаҳкор донист. Зимни қироати матн додрас […]

ASIA-Plus


Собиқ нахуствазири Украина Юлия Тимошенко ба 7 соли зиндон маҳкум гардид.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости», ҳамчунин додгоҳ ӯро ба пардохти хисорот ба «Нафтогаз Украина» муваззаф сохтааст, вале Юлия Тимошенко изҳор кардааст, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ нест.

Додгоҳи Печери шаҳри Киев ӯро ба баромадан аз ҳадди ваколат гунаҳкор донист. Зимни қироати матн додрас изҳор доштааст, ки Тимошенко ба Украина дар ҳаҷми 1,5 млрд. гривен (188 млн. доллари ИМА) зарарӣ молӣ расонидааст.

Дар ҳамин ҳол, вакилони ҷонибдори Тимошенко кӯшиш доранд, ки садди кормандони мақомоти қудратиро рахна сохта, ба бинои додгоҳ ворид шаванд. Қаблан додрас Родион Киреев дар рӯзи қироати ҳукмнома танҳо ба журналистон иҷозаи вуруд ба толори додгоҳро дода буд. Аммо ҳудуди 1 ҳазор нафар вакилони ҷонибдори Тимошенко ин қарорро ғайриқонунӣ унвон карда, ҳаракати нақлиёт дар роҳро бастанд ва баҳри изҳори эътироз назди бинои додгоҳи ноҳиявии Печер ҷамъ омадаанд.

Нахуствазири собиқи Украина Юлия Тимошенко дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ҳангоми дар соли 2009 ба имзо расонидани созишнома миёни ширкатҳои «Газпром»-и Русия ва «Нафтогаз Украина» дар бораи интиқоли газ ба Украина гунаҳкор дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки Радаи Олии Украина ворид сохтани чор тағйирот ба Кодекси ҷиноии Украинаро, ки ба собиқ нахуствазир имкони раҳоӣ ёфтан аз масъулият оид ба ин масъаларо фароҳам месохт, рад сохт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.