Кӯмаки машваратии Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба парлумони Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Ян Фишерро, ки дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Зуҳуров ба меҳмон дар бораи фаъолияти парламенти кишвар маълумот дода, аз стратегияи БАТР, ки ба рушди бахшҳои […]

Аваз Юлдошев


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Ян Фишерро, ки дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Зуҳуров ба меҳмон дар бораи фаъолияти парламенти кишвар маълумот дода, аз стратегияи БАТР, ки ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ равона гардидааст, пуштибонӣ кард.

«Ба туфайли қонунҳои саривақт қабулшуда, айни замон дар ҷумҳурӣ фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳайё гардида, он сол то сол хубтар мешавад», – гуфт ӯ.

Зимни мулоқот раиси палатаи поёнии парлумони кишвар изҳори боварӣ кард, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд низ дар баробари дигар созмонҳои байнулмилалии молиявӣ метавонад дар Тоҷикистон фаъолияти худро муваффақона ба роҳ монад.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба Тоҷикистон баҳри рушди бахши хусусӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисоди миллӣ кӯмак хоҳад кард.

Дар навбати худ, Ян Фишер изҳор кард, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба парлумони Тоҷикистон дар масъалаи таҳияи қонунҳо дар соҳаҳои ҳуқуқ ва ислоҳоти низоми судӣ кӯмаки машваратӣ хоҳад расонид. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.