Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо раиси шаҳри Табрез

Date:


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров раиси шаҳри Табрези Эрон Алиризои Навинро ба ҳузур пазируфт.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Табрез дар Тоҷикистон гузашта истодаанд ва шоми имрӯз дар назди Театри академии опера ва балети Тоҷикистон намоишномаи театрии «Шоми Табрез» доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони чумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров таъкид сохт, ки рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистону Эрон метавонад ба тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Эрон таъсири назаррас расонад.

«Арбобони фарҳангу адаби ду кишвар имрӯз метавонанд ба риояи анъанаҳои муҳити ягонаи фарҳангии ҳарду кишвар, ки тӯли ҳазорсолаҳо бо ҳам пайванданд, идома бахшанд», – гуфтааст Зуҳуров.

Дар навбати худ, раиси шаҳри Табрез, ки дар он ҷо оромгоҳи шоири машҳури тоҷик Камоли Хуҷандӣ маҳфуз аст, зикр кард, ки барои роҳандозии муносибати ҳамкории судманд миёни корхонаҳои саноатӣ, тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону шаҳри Табрез тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод.

Табрез аз ҷиҳати бузургӣ чаҳорумин шаҳри Эрон буда, ҳудуди 2 млн. нафар аҳолӣ дорад ва маркази маъмурии музофоти Озарбойҷони Ғарбии Эрон ба шумор меравад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related