Р. Ҳайдаров: Сафари Клинтон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ифодагари ба мушкилот дучор шудани ИМА аст

Сафари расмии котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиларӣ Клинтон аввал ба Тоҷикистон ва сипас ба Ӯзбекистон ифодагари он аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон ба мушкилоти ҷиддӣ ва душвориҳо мувоҷеҳ гардидаанд. Ба андешаи сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, доктори улуми фалсафа Рустам Ҳайдаров, айни замон ИМА ба дастгирии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ниёз дошта, сафари намояндаи воломақоми […]

Аваз Юлдошев


Сафари расмии котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиларӣ Клинтон аввал ба Тоҷикистон ва сипас ба Ӯзбекистон ифодагари он аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон ба мушкилоти ҷиддӣ ва душвориҳо мувоҷеҳ гардидаанд.

Ба андешаи сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, доктори улуми фалсафа Рустам Ҳайдаров, айни замон ИМА ба дастгирии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ниёз дошта, сафари намояндаи воломақоми ҳукумати ИМА Ҳилларӣ Клинтон гувоҳи аҳамияти зиёд доштани ин сафар барои мақомоти раҳбарии ИМА аст.

« Ман бар ин назарам, ки ҳангоми гуфтушунид бо мақомоти раҳбарии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам масоили ҳамлу нақли бор тавассути хатсайри шимолӣ ба Афғонистон ва ҳам масоили стратегии ИМА – ҷойгиркунии пойгоҳҳои низомии ИМА дар кишварҳои минтақа пас аз қисман хурӯҷи нерӯҳои низомии эътилоф аз Афғонистон баррасӣ мешаванд», – мегӯяд сиёсатмадор.

Ба ақидаи Р. Ҳайдаров, ИМА ба оғози бозии қартаи афғонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ шурӯъ карданд ва аз ин бозӣ ҳам Тоҷикистону ҳам Ӯзбекистон метавонанд ғолиб ё шикастхӯрда бадар оянд ва тамоми масоил ба сатҳи то кадом андоза аз ин мавқеъ истифода намудани мақомоти раҳбарии Тоҷикистону Ӯзбекистон вобаста аст.

Ба қавли ӯ, ИМА аллакай дар ин хусус бо Ӯзбекистон гуфтушунид доранд ва ба ивази ҷойгиршавии нерӯҳои низомии ИМА дар Ӯзбекистон ин кишвар аз ИМА таъмин бо аслиҳаи муосири низомӣ ва манъи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар Тоҷикистонро талаб карда метавонад.

«Аз ин рӯ, барои таҳти фишори мушкилоти минтақавӣ қарор нагирифтан, Ҳилларӣ Клинтон аввал ба Тоҷикистон ва сипас ба Ӯзбекистон ташриф меорад», – гуфт ӯ.

Номбурда мӯътақид аст, ки Тоҷикистон низ ба дастгирии ИМА, бахусус дар таъмини амният ниёз дорад, зеро тайи 30 соли минбаъда дар Афғонистон вазъи босубот барқарор намешавад.

«Пас аз анҷоми ҷанг бо нерӯҳои эътилофи низомии хориҷӣ афғонҳо муқобили якдигар ҷанг хоҳанд кард, паштунҳо ба несту нобудсоии тамоми миллати ғарипаштун, махсусан тоҷикон оғоз мекунанд», – иброз дошт вай.

Рустам Ҳайдаров тавсия медиҳад, ки аз барқарории сулҳи наздик дар Афғонистон наметавон ҳарф зад ва Тоҷикистон бояд пайи амалисозии манфиатҳои миллии кишвари худ – суботи ҷомеа, таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бошад.

«Мақомоти раҳбарии Тоҷикистон муколамаву гуфтушунидро бо ИМА бояд бо назардошти чунин ҳолатҳо ба роҳ монад», – афзуд сиёсатмадор. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.